Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Ҷумъабой Ниёзов, муовини аввали раиси ҳизби демократии Тоҷикистон, саҳари имрӯз, 10 – уми январ дар манзили зисти худ дар Хуҷанд дар синни 62 аз олам чашм пӯшид.

Ба гуфтаи пайвандонаш, ӯ бар асари бемории фишори хун, ки аз он зиёд ранҷ мекашид, даргузашт.

Ҷумъабой Ниёзов рӯзи 23 – юми январи соли 1947 дар Хуҷанд таваллуд шудааст. Вай аз бунёдгузорони ҳизби демократӣ маҳсуб меёбад, ки дар Анҷумани таъсисӣ дар соли 1990 муовини раиси ҳизби демократии Тоҷикистон интихоб гардид ва дар солҳои 1995 – 1999 вазифаи раисиро бар уҳда дошт. Ҳамзамон аз он вақт то охири соли 2007 сарварии ин ҳизб дар вилояти Суғд буд.

Оқои Ниёзов ба ҳайси узви комиссияи оштии миллӣ (1995 - 1999) дар ҳама музокироти ҷонибҳо ва овардани оштиву сулҳ ба Тоҷикистон фаъолона ширкат кардааст.

Файзулло Файзиев, раҳбари созмони ҳизи демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфт, Ҷумъабой Ниёзов ҳамеша манфиати ҷомеа ва Тоҷикистонро аз манфиати шахсии худ боло мегузошт ва чун қалби ҳассос дошт, аз гуфтани сухани ҳақ ва мубориза дар ин роҳ намеҳаросид. Ӯ чун як намояндаи нерӯҳои демократӣ ва озодихоҳ беш аз як сол (1993 - 1994) – ро дар зиндон сипарӣ карда, вале аз роҳи худ мунҳариф нагашт.

Ҷумъабой Ниёзов аз соли 2000 – ум то дами маргаш вазифаи муовини аввали раиси Ҳизби демократии Тоҷикистонро иҷро мекард.

Маросими дафни шодравон Ҷумъабой Ниёзов пешини рӯзи якшанбеи 11-уми январ бааргузор хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG