Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳзанҳо бузургтарин киштии нафткашро раҳо карданд


Роҳзанҳои дарёии Сомалӣ киштии бузурги нафткашони Арабистони саъудиро, ки моҳи ноябри соли гузашта гаравгон гирифта буданд, раҳо карданд. Намояндаи роҳзанҳо ба хабаргузории Ройтерс гуфт, ки барои озод кардани киштӣ 3 миллион доллар пардохт шудааст. Ва аммо ин хабар ҳанӯз аз сӯи мақомоти расмии Арабистони саъудӣ тайид нашудааст. Соли гузашта роҳзанҳои дарёӣ дар халиҷи Аден ба даҳҳо киштии боркаш ҳамла карданд. Рӯзи панҷшанбе иттилоъ дода шуд, ки барои мубориза бо онҳо гурӯҳи байнулмилалии ҳарбӣ-баҳрӣ созмон дода мешавад.

XS
SM
MD
LG