Пайвандҳои дастрасӣ

ББС ТВ-и форсиро ба роҳ меандозад


Дар ҳоле ки раҳбарони се давлати ҳамзабони Тоҷикистону Эрону Афғонистон дар роҳандозии телевизиони ваъдагии худ барои форсизабонон таъхир мекунанд, сервиси ҷаҳонии БиБиСи эълом кард, ки шабакаи телевизионии форсизабонашро рӯзи 14 январ роҳандозӣ хоҳад кард.

Мудирони ин шабака мегӯянд, барномаҳои телевизиони форсизабони БиБиСи дар як рӯз ба муддати ҳашт соат аз студияҳои БиБиСи дар Ландан пахш мешаванд. Содиқи Сабоҳ, намояндаи аршади ин телевизион дар Ландан, мегӯяд, барномаи ташкили телевизиони форсизабон як сол пештар дар миён гузошта шуд ва барои роҳандозии он аз буҷаи Инглистон 15 миллион фунт ихтисос ёфтааст.

Оқои Сабоҳ дар шарҳи аҳдофи ин телевизион ва чигунагии барномаҳои он ба Радиои Озодӣ гуфт:
“Ҳадафи хосе надорад, ҷуз ҳадафи умумии БиБиСи, ки иттилоърасонист ва БиБиСи мехоҳад серасонаӣ бошад. Яъне, қаблан родю доштем, баъдан интернет ва акнун телевизион изофа мешавад. Аввал бахши арабии телевизиони БиБиСи роҳ уфтод. Бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияте, ки форсизабонон дар дунё доранд, БиБиСи тасмим гирифт, дуввумин забоне, ки телевизион дошта бошад, форсӣ бошад”.

Ҳамчунин гуфта мешавад, Телевизиони форсии БиБиСи барои ҷамъоварии ахбор дар саросари ҷаҳон аз манобеъи ширкати БиБиСи, ки шомили беш аз ду ҳазор хабарнигор дар бештар аз 70 дафтари хабарӣ дар дунё будааст, баҳра мегирад.

Адолати Мирзо, раҳбари Анҷумани рӯзноманигорони форсизабон дар Душанбе, мегӯяд, ин телевизион ба ин далел, ки дорои фанновариҳои ҷадиду қавӣ ва хабарнигорони ҳирфаист, метавонад бо инъикоси таҳаввулоти кишварҳои форсизабон холигоҳи иттилоотии ин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистонро пушиш диҳад.

Мудирони телевизиони форсизабони БиБиСи ҳам мегӯянд, барои пушиши дақиқтари ахбор ва таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ хабарнигорони ин шабака дар нуқоти муҳими дунё ҳамонанди, Исломобод, Истанбул, Байтулмуқаддас ва Кобулу Вашингтон ба сурати доим мустақар шудаанд. Аммо бештари шореҳон ба ин назаранд, ки телевизиони форсизабони БиБиСи мисли бахши арабии он хоҳад буд, ки то ҳол натавонистааст дар қиболи телевизионҳои мӯътабари арабӣ, аз ҷумлаи “Алолам” ва “Алҷазира” комёб шавад. Ва ин дар ҳолест, ки ба қавли шореҳон давлати Эрон ҳам соҳиби телевизионҳои тавонои хабарии ҷаҳонист.

Бо ин ҳол, Содиқи Сабоҳ, намояндаи аршади телевизиони форсизабони БиБиСи, мегӯяд, ин шабака аз тариқи моҳвора, телевизиони кабелӣ ва низ онлойн аз тариқи интернет қобили дарёфт будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG