Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ду раҳбари Ал-Қоида дар Покистон


Шайх Аҳмад Салим Сведон, яке аз раҳбарони Ал-Қоида

Шайх Аҳмад Салим Сведон, яке аз раҳбарони Ал-Қоида

Ба гуфтаи як мақоми амрикоӣ, ду раҳбари фаъоли шабакаи Ал-Қоида дар Покистон кушта шудаанд.

Ин манбаъ аз гуфтани макону замон ва шеваи иҷрои ин амалиёти вижа сарпечӣ кардааст, вале мақомоти иктишофии Покистон қаблан хабар дода буданд, ки ҳамлаи мушакии ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико дар рӯзи Соли нав дар Вазиристони ҷанубӣ се ҷангии хориҷиро кушта барҷой гузошт.

Бовар меравад, дар ин ҳамла Усома ал-Кинӣ, раҳбари амалиётҳои Ал-Қоида дар Покистон ва мушовири аршадаш Шайх Аҳмад Салим Сведон кушта шуданд. Ҳалокати ал-Кинӣ ва мушовираш як дастоварди муҳим дар ҷанг алайҳи Ал-Қоида шумурда мешавад, чунки исми ҳарду дар хутути аввали феҳрасти террористҳое қарор дошт, ки Дафтари федеролии тафтишот ( FBI) ва Маркази истихбороти Амрико (CIA) таъқиб мекунанд.

Усома Ал-Кинӣ ва Шайх Аҳмад Салим зодаи Кения буда, дар таҳияи як силсила ҳамалоти хунин муттаҳам мешаванд. Мақомоти иктишофии Амрико ҳардуро алакай даҳ сол қабл бо иттиҳоми даст доштан дар бамбгузориҳои соли 1998 алайҳи сафоратхонаҳои Амрико дар кишварҳои африқоии Кения ва Танзания таҳти ҷустуҷӯ қарор дода буданд. Усома Ал-Кинӣ аз ҷумлаи тарроҳони сӯъиқасди нокоми моҳи октябри соли 2007 алайҳи сарвазири пешини Покистон Беназир Бҳутто шинохта шудааст. Бҳутто баъди ду моҳи ин ҳамла дар як сӯъиқасди дигар кушта шуд.

Охирин ҳамлаи террористие, ки ал-Кинӣ ба даст доштан дар таҳияаш муттаҳам мешуд, бамбгузории моҳи сентябри соли гузашта дар меҳмонсаройи “Марриот” дар пойтахти Покистон, шаҳри Исломобод буд, ки 55 кушта барҷой гузошт. Ба гуфтаи мақоми амрикоие, ки хабари ҳалокати ин ду маъмури аршади Ал-Қоидаро ба матбуот ифшо кард, Усома ал-Кинӣ раҳбарии амалиётҳои ин шабакаро ибтидо дар вилояти Зобули Афғонистон, баъдан дар Сомалӣ ва ахиран дар Покистон бар ӯҳда доштааст. Ӯ афзуда, ки ин талафот ба зудӣ боиси таназзули қобили мулоҳизаи тавони раҳбарии шабакаи Ал-Қоида хоҳад шуд.

Одатан Маркази истихбороти Амрикост, ки дар манотиқи қабиланишини хориҷ аз ҳукми қонун дар тӯли марзи Покистон бо Афғонистон алайҳи ҷангиён аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва мусаллаҳ бо мушакҳои навъи “Ҳеллфайр” ( ё худ “Оташи дӯзах”) истифода мебарад. Бовар меравад, ки ҳамлаи мушакии рӯзи якуми январ дар Вазиристони ҷанубиро низ CIA анҷом дода бошад, аммо ин ниҳод аз ҳар навъ тафсири ин хабар худдорӣ меварзад.

Покистон чунин ҳамлаҳои мушакиро таарруз ба истиқлолияти худ дониста, чандин бор ба Амрико изҳори эътироз кардааст. Вале бино ба бароварди хабаргузории Ройтерс, дар соли гузашта ва асосан аз моҳи сентябр, нирӯҳои Амрико бо истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар қаламрави Покистон 30 ҳамлаи мушакӣ анҷом додаанд, ки аз байн бурдани фармондеҳони аршад ва пойгоҳҳову зербинои низомии гурӯҳҳои ҷангиро ба ҳадаф дошт. Ва аз моҳи июл ба ин тараф, Усома ал-Кинӣ ҳаштумин раҳбари аршади шабакаи Ал-Қоида аст, ки кушта мешавад.

Амрико дар ин ҳафта гуфт, муассирияти раҳбарии Ал-Қоида ба таври назаррас коҳиш ёфтааст, вале аҳдофи ин шабака ва шӯъбаҳои минтақавиаш ҳамчунон хатарзо боқӣ мемонанд. Ин дар ҳолест, ки Усома Бин Лоден ва Аймон Аз-Завоҳирӣ, ду раҳбари аввали Ал-Қоида, то кунун дар ҳоли фирор қарор дошта, бовар меравад, ки маҳз дар манотиқи марзии миёни Покистону Афғонистон паноҳ мебаранд.

XS
SM
MD
LG