Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони Иттиҳодияи Аврупо ба Украина мераванд


Ширкати “Нафтогаз Украина” ба вуруди намояндагони “Газпром”-и Русия ба бунгоҳҳои тақсими гази Украина розӣ шуд. Дар навбати худ, раиси “Газпром” Алексей Миллер изҳор намуд, ки ширкат ба вуруди аъзои комиссиюни байналмилалӣ ба бунгоҳҳои худ дар марзи Украина мухолиф нест. Имрӯз ҳукумати Ҷумҳурии Чех, садри даврии Иттиҳодияи Аврупо хабар дод, ки ҳайати комиссиюни байналмилалӣ оид ба назорати транзити гази Русия аз тариқи Украина ҳамоҳанг шудааст. Ин мавзӯъро сарвазири Чехия Мирек Тополанек бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва сарвазири Русия Владимир Путин матраҳ намуд. Ба иттилоъи ҳукумати Ҷумҳурии Чех, комиссиюни байналмилалӣ ба эҳёи интиқоли гази Русия ба Иттиҳодияи Аврупо мусоидат хоҳад кард.

Аз ин пеш намояндаи Комиссиюни Аврупо хабар дода буд, ки як ҳайати нозирони Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа вориди Украина мешавад. Ёдовар мешавем, айни ҳол бар асари идомаи моҷарои газ миёни Маскав ва Киев тақрибан даҳ кишвари аврупоӣ аз истифодаи гази Русия маҳрум мондаанд.

XS
SM
MD
LG