Пайвандҳои дастрасӣ

Аз оташсӯзӣ дар Қарочӣ 40 кас ҷон бохтанд


Бар асари як оташсӯзӣ дар шаҳри бандарии Қарочии Покистон дасти кам 40 нафар ба ҳалокат расиданд. Тибқи хабарҳо, ин ҳодиса дар маҳалли зисти мардуми фақиру камбизоат рух додааст ва бештари қурбониён занону кудаконанд. Сабабҳои оташсӯзӣ то ҳанӯз рушан нест ва аммо мақомот ҳадс мезананд, ки шояд ин ҳодиса бар асари кандани хатти интиқоли барқ ё аз гулхане рух дода бошад, ки мардум барои гармшавии худ афрӯхтаанд.
XS
SM
MD
LG