Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷори пурқурбонӣ дар Нимрӯз


Волии вилояти Нимрӯз, воқеъ дар ҷанубу ғарби Афғонистон хабар дод, ки бар асари ҳамлаи як маргталаб даҳ сокини осоишта, як афсари воломақоми полис ва муҳофизи ӯ кушта шуданд. Ба гуфтаи волӣ Ғулом Дастагири Озод аз инфиҷор дар маркази вилоят - шаҳри Заранҷ дасти кам 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Толибон” бар дӯш гирифт ва аммо эълом дошт, ки дар инфиҷор 8 корманди полиси маҳаллӣ кушта шудаанд.

Бар асари ҳамлаи маргталабонаи дигар дар волусволии Майванди вилояти Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон ду сарбози амрикоӣ ва се сокини маҳаллӣ кушта шуда чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Толибон масъулияти ин ҳамларо низ бар дӯш гирифтаанд. Ба иттилоъи расмӣ, соли гузашта дар Афғонистон 151 афсару сарбози амрикоӣ ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG