Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ду сарбози амрикоӣ дар Қандаҳор


Бар асари як ҳамлаи маргталабона дар вилояти Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон ду сарбози амрикоӣ ва се сокини маҳаллӣ кушта шуда, чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба иттилоъи расмӣ, як маргталаб худро дар волусволии Майванд инфиҷор кардааст. Бар асари ин ҳодиса ҳамчунин чанд дукону мағоза қисман тахриб шуданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Толибон” бар дӯш гирифт.

Гуфта мешавад, ки соли гузашта дар Афғонистон 151 афсару сарбози амрикоӣ ҷон бохтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG