Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консепсияи сиёсати кишоварзии Тоҷикистон


Ҳукумати Тоҷикистон барои аввалин бор як консепсияи сиёсати кишоварзиро тасдиқ кардааст.

Сафар Маҳмадиев, раиси раёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинии вазорати кишоварзӣ, ҳадафи ин консепсияро то соли 2015 таъмини комили амнияти ғизои Тоҷикистон ва рафъи мушкилоту монеъаҳои рушди бахши кишоварзӣ унвон кард. Оқои Маҳмадиев мегӯяд, ин консепсия тамоми самтҳои сиёсати кишоварзии давлатро фаро гирифта, бар асоси он барномаҳои муҳиме барои рушди бахшҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ таҳия ва роҳандозӣ мешаванд. Оқои Маҳмадиев афзуд, ин консепсия тамоми фаъолияти давлат дар бахши кишоварзиро ба низом дароварда, бенизомиҳои арсаи кишоварзиро рафъ мекунад.

Ҷалил Пириев, сарвари пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти Академияи улуми кишоварзӣ, ки роҳбарии гурӯҳи таҳиякунандаи ин консепсияро ба зима дорад, мегӯяд, зарурати таҳия ва қабули ин консепсия барои Тоҷикистон дар пайи бӯҳрони ғизо ва бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ сахт эҳсос шудааст. Вай афзуд, ин бӯҳронҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистонро, ки аслан эҳтиёҷоти худро бо маҳсулоти кишоварзӣ аз хориҷи кишвар бароварда месозад, водор ба андешидани тадобири муҳим барои таъмини амнияти ғизоӣ кардааст. Ба қавли оқои Пириев, ин консепсия метавонад, то андозае ба таъмини амнияти ғизоии Тоҷикистон дар кишвар мусоидат кунад.

Масъулони вазорати кишоварзӣ мегӯянд, бар асоси ин консепсия то соли 2015 ҳосили пунба дар кишвар ба 750 ҳазор тонна ва ҳосили гандум ба 1 миллион тонна расонида хоҳад шуд. Ин консепсия таъминоти саддарсадии Тоҷикистон бо маводи кишоварзии худиро пешбинӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ҷалил Пириев, Тоҷикистон то кунун аз маҳсулоти кишоварзӣ танҳо бо картошкаи худӣ саддарсад худро таъмин мекунад ва қисмати аксари эҳтиёҷоти худро бо маҳсулоти кишоварзии кишварҳои хориҷа бароварда месозад. Ба қавли ӯ, Тоҷикистон феълан эҳтиёҷоташро аз ғаладона 52 дарсад, аз чорводорӣ - 30 дарсад ва аз боғдорӣ 25 - дарсад бо маҳсулоти худӣ бароварда мекунад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи масъулони вазорати кишоварзӣ, дар ин консепсия таъмини комили бахши кишоварзӣ бо таҷҳизоти фаннӣ, ворид намудани тағйирот дар шаклҳои хоҷагидорӣ ва ҳалли масъалаи қарзҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар назар дошта шудааст.

Аммо дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, ин консепсия ҳадафҳоеро пеш гирифтааст, ки ба онҳо расидан дар шароити феълиии Тоҷикистон танҳо ба назар осон менамояд. Ба қавли коршиносон, барои ба ҳадафҳои ин консепсия расидан дар кишвар заминаҳои зарурӣ мавҷуд нест.

XS
SM
MD
LG