Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи қатъномаи СММ барои оташбас дар Ғазза


Ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза идома дорад
Ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза идома дорад

15 кишвари узви Шӯрои амнияти СММ барои қабули қатъномаи оташбас дар Навори Ғазза овоз доданд.

Дипломатҳои Амрико ва муттаҳидонаш аз кишварҳои ғарбӣ дар мавриди матни қатъномаи Шӯрои амнияти СММ дар бораи Борикаи Ғазза норозигии худро баён намуда, бо намояндагони мамолики арабӣ вориди баҳс шуданд. Тарҳи қатъномаи пешниҳодӣ аз тарафи кишварҳои арабӣ ба қатъи фаврии хушунат ва созиши оташбас дар Навори Ғазза даъват мекунад.

Ба ақидаи дипломатҳои ғарбӣ, ба ин санад бояд се шарти асосӣ дохил карда шавад: истиқрори бедаранги оташбас, чораҳо барои пешгирӣ аз қочоқи аслиҳа барои созмони Ҳамос ва аз сар гирифтани фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ миёни Исроилу Борикаи Ғазза. Намояндагони кишварҳои арабӣ, ки таҳаваллоти Ғазза мардуми онҳоро ба хашм оварда ва эҳсосоти зидди исроилиро дар миёни онҳо бештар кардааст, аз Шӯрои амният хостаанд бо қабули қатъномаи онҳо Исроилро водор намояд амалиёти низомиашро дар Навори Ғазза билофосила хотима диҳад.

Дар натиҷаи юриши Исроил ба ин минтақа то кунун беш аз 750 фаластинӣ кушта шудаанд ва ҳамчунин дар ин низоъ 11 исроилӣ ҷон додаанд. Тел-Авив мегӯяд, ки сабаби аслии юриш хотима додан ба мушакандозии созмони Ҳамос ба манотиқи ҷанубии Исроил аст. Ин кишвар мухолифи қабули як чунин қатъномаи илзомӣ мебошад.

Ҳайъати амрикоӣ низ нахуст ба қабули ин санад мухолифат мекард, аммо як дипломате, ки аз ифшои номаш худдорӣ намуд, гуфт, ҳайъат норозигиҳояшро баён кард ва аммо омодааст матни ислоҳшудаи онро дастгирӣ кунад.

Амрико ва Фаронса тарҳи қатъномаи пешниҳодии Бритониёро пуштибонӣ кардаанд, ки дар он ба имзои созиши фаврӣ, давомдор ва боэътибори оташбас таъкид мешавад. Вазирони корҳои хориҷаи Амрико Кондализа Райс, Британиё - Дэвид Милибэнд ва Фаронса - Бернард Кушнер барои баррасии ин тарҳ ва тарҳи кишварҳои арабӣ, ки аз ҷониби Либия пешниҳод шудааст, дар мақари СММ бо дипломатҳои кишварҳои арабӣ вохурданд.

Ин дар ҳолест, ки дар Навори Ғазза хушунат идома дорад. Исроил ҳамлаҳояшро аз сар гирифт, номояндагии СММ эълом намуд, ки фаъолияташро дар ин минтақа мутаваққиф мекунад ва дар натиҷаи партоби мушакҳо ба Исроил аз қаламрави Лубнон ду нафар маҷруҳ шуд.

Дар ҳамин ҳол Сенати Амрико ба пуштибонии амалиёти низомии Исроил садо баланд карда даъват намуд, ки оташбас бояд ба шарте истиқрор шавад, ки ҷунбиши Ҳамос имкон надошта бошад ба ҷониби Исроил мушак партоб кунад.

XS
SM
MD
LG