Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мақоми олирутбаи Ал-Қоидаро куштаанд


Мақомоти масъули умури зиддитерористии Амрико аз қатли раҳбари амалиётҳои Ал-Қоида дар Покистон Усома Ал-Кинӣ ва як ёвари олирутбаи ӯ хабар додаанд. Бино ба гузоришҳо, Усома – Ал- Кинӣ, яке аз дастандаркорони бомбгузории ваҳшатноки моҳи сентябр дар меҳмонсарои Мариотти Исломобод будааст. Дар ин бомбгузорӣ 55 нафар кушта шуданд. Ал-Кинӣ ва ёвари ӯ Шайх Аҳмад Салим Свидонро зодаи Кения гуфтаанд. Хабаргузории Ройтерс мегӯяд, ки як мақоми расмии Амрико аз шарҳи шеваи қатли ҳарду нафар худдорӣ варзид. Бино ба гузоришҳои дигар, он ҳардуро дар Вазиристони Ҷанубӣ вилояти ҳаммарз бо Афғонистони Покистон куштаанд.
XS
SM
MD
LG