Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА мунтазири интиқоли зуди гази Русия аст


Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, интизор дорад, ки интиқоли гази табии Русия ба кишварҳои узви он ба зудӣ аз сар гирифта мешавад. Созише ҳосил шудааст, ки нозирони иттиҳодия интиқоли газ аз тариқи қаламрави Укроинро назорат кунанд. Ҷумҳурии Чех – раҳбари давраии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи панҷшанбе зимни баёнияе гуфт, ки нахуствазири ин кишвар Мирек Тополанек ва Владимир Путин – нахуствазири Русия, зимни сӯҳбати телефонӣ дар мавриди шароити фиристодани нозирон ба тавофуқ расидаанд. Дар ин баёния омадааст, ки бо рафтани нозирон ба Укроин интиқоли газ аз сар гирифта мешавад. Ба гуфтаи дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо, ин нозирон шояд ҳамин рӯз ба Укроин бираванд.
XS
SM
MD
LG