Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқ бар сари қатънома доир ба Ғазза


Дипломатҳои кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ мегӯянд, ки бар сари пешнависи қатъномае дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал мувофиқат кардаанд, ки дар он аз Исроил ва созмони Ҳамос хоста мешавад, билофосила созиши оташбас эълом намоянд. Аммо маълум нест, ки раъйгирӣ ба ин қатънома дар Шӯрои Амният кай баргузор мешавад, аммо зоҳиран на дертар аз рӯзи ҷумъа сурат хоҳад гирифт. Тарҳи ин қатъномаро Иёлоти Муттаҳида, наздиктарин муттаҳиди Исроил ва ҳамчунин кишварҳои арабии тарафдори Ҳамосу Фаластиниён ҳимоят кардаанд. Бар асоси гузоришҳо дар ин тарҳ аз нерӯҳои Исроил хоста мешавад, Ғаззаро тарк кунанд ва ба онҷо кӯмакҳои башарӣ интиқол дода шавад.
XS
SM
MD
LG