Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии сафири тоҷик аз бозгашти муҳоҷирон


Абдулмаҷид Достиев - сафири Тоҷикистон дар Маскав аз афзоиши бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия, ки ранҷи бӯҳрони ҷаҳонии молиро мекашад, ибрози нигаронӣ кард. Вай зимни як сӯҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Имрӯз ман ҳамчун як тоҷик дар ташвишам. Дар чаҳор моҳи охири соли 2007 (шаҳрвандони Тоҷикистон) ҳар рӯз 35-50, моҳҳои ноябр, декабр то 70 нафарӣ аз сафорат дар Маскав справка барои бозгашт мегирифтанд. Дар чаҳор моҳи охири соли 2008 шумораашон то ба 500 - 600 ва дар авҷаш то 700 нафар дар як рӯз расид.” Аммо гуфт Абдулмаҷид Достиев, Русия ҳамчунон ба нерӯи кори хориҷӣ ниёзманд хоҳад буд ва авзоъи феълӣ баёнгари ин воқеият аст. Бисёре аз хонаводаҳои Тоҷикистон пойбанди кӯмакҳои муҳоҷирон ҳастанд, ки теъдодашон дар Русия тақрибан як миллион нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти расмӣ нигаронанд, ки дар сурати бозгашти оммавии муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия шиддати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.
XS
SM
MD
LG