Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи баҳсҳои СММ дар мавриди Ғазза


Дипломатҳо дар Созмони Милал саъй доранд, пешнависи ду қатъномаи мухолифи кишварҳои арабӣ ва ғарбиро як кунанд, ки дар ҳарду ба созиши оташбаси фаврӣ дар Навори Ғазза даъват мешавад. Баъди пешниҳоди тарҳи ислоҳшудаи қатъномаи дипломатҳои кишварҳои арабӣ, Амрико,Бритониё ва Фаронса ба онҳо рӯзи панҷшанбе тарҳи қатъномаи худро пешниҳод намуданд. Дипломатҳои ғарбӣ мегӯянд, онҳо мехоҳанд, тарҳе пешниҳод шавад, ки ба созиши оташбаси фаврӣ, иқдомот барои хотимаи қочоқи силоҳ барои созмони Ҳамос ва боз кардани гузаргоҳҳои марзӣ даъват кунад.
XS
SM
MD
LG