Пайвандҳои дастрасӣ

Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия бо Радиои Озодӣ сӯҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир. Ин бӯҳрони молӣ дар Русия ба муҳоҷирони тоҷик чӣ таъсире метавонад бирасонад?

Абдулмаҷид Достиев: То он дараҷае, ки ман кордиҳандаҳои Русияро медонам, имрӯз ва фардо ва чанд соли дигар бе истифодаи қувваи корӣ аз хориҷ корхонаҳои Русия ва ё сохтмонҳояш фаъолият карда наметавонад. Аз ин кризиси бавуҷудомада, рафтани муҳоҷирони кории на танҳо Тоҷикистон баръало ҳис шуда истодааст. Раҳбарони заводу фабрикаву сохтмонҳо ҳар рӯз ба ҳукуматашон муроҷиат карда истодаанд, ки назар ба соли гузашта ба қувваи корӣ аз хориҷ на ин ки як баробар кам, балки як баробар зиёд ниёз доранд. Ба фикрам, иқтисоди бозаргонӣ худаш роҳашро ёфта, пеш меравад.

Ҳарчанд имрӯз ман ҳамчун як тоҷик дар ташвишам, ки дар чаҳор моҳи охири соли 2007 ҳар рӯз 35-50, моҳҳои ноябр-декабр то 70 нафарӣ аз сафорат дар Маскав справка барои бозгашт мегирифтанд. Дар чаҳор моҳи охири соли 2008 шумораашон то ба 500-600 ва дар авҷаш то 700 нафар дар як рӯз расид. Аз як ҷиҳат ин ҳам ба ташвиш меорад, вале худи истеҳсолот маҷбур месозад, ки аз қувваи кории муҳоҷирон аз хориҷ истифода баранд.

Радиои Озодӣ: Гуфта мешавад, аз як ҷониб муҳоҷирони тоҷик ҳамчун як фишанги фишор аз ҷониби Русия болои ҳукумати Тоҷикистон истифода мешаванд. Масалан, мегӯянд, сабти номи созмони Каромат Шарифов гувоҳи он аст, ки Русия ба ҳамкорӣ бо чунин нерӯҳоро шурӯъ кардааст.

Абдулмаҷид Достиев: Киро сабт кардан ва киро сабт накардан – ин кори дохилии ҳамон кишвар аст. Ба кори дохилии он кишвар мо дахолат карда наметавонем.

Радиои Озодӣ: Байни сафорат ва созмони Каромат Шарифов як навъ мухолифат аст ва дар заминаи ҳамин мухолифатҳо тоҷикон низ дар он ҷо ҷудо мешаванд.

Абдулмаҷид Достиев: Ташаккур барои ин савол. Саволи хуб. Саволи дигар ин ки чаро то рафтани мо дар он ҷо Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия набуд? Ман ҳамаи онҳоро илтимос кардам, акаи Муҳаббатовро, ташкилкунандаҳои ин анҷуманро маҷбур кардам, ки ҳамаро даъват кунанд. Кароматро даъват кунанд. Як зани дигар аст, Хуршеда, ӯро ҳам даъват кунанд. Ҳаммашонро даъват кунанд. Барои ду касро ба ҳам овардан хирад даркор аст, барои ҳазор касро ҷудо кардан хирад даркор нест, ҳар як девона ҷудоӣ меандозад. Он ҷо заминааш дигар чиз аст, шумо худатон тадқиқоти журналистӣ баред ва инро муайян созед. Ҳамаи онҳо барои ман як ҳастанд. Ман сафири Тоҷикистонам, онҳо шаҳрванди Тоҷикистон.

Радиои Озодӣ: Онҳое, ки дар Аштархон боздошт шудаанд. Мо бо ду нафари онҳо сӯҳбат кардем. Онҳо гуфтанд, ки ҳамон справкаҳои қалбакиро аз сафорат дарёфт кардаанд. Шумо аз ин корҳо огаҳ ҳастед?

Абдулмаҷид Достиев: Мо бланкаҳои тайёр дорем, ки аз ҳама ҷо гузаштагӣ аст. Мо зарурати додани бланкаҳои қалбакиро надорем, Абдулқайюм. Мо ин ҷо бланкаҳоро бо рақамҳояш мегирем. Агар аз сафорат гирад, вай қалбакӣ намегирад. Ин ҳамааш як афсона аст.

Ҳамон справкаҳо 50 рубл меистоданд. Ҳоло 200 шудаанд, аз 20 декабр. Ман дар ҳамон бланкаҳо нархҳояшонро дар болояшон навиштам. 50 рубл, 200 рубл, 300 рубл. То он ки ҳар кас бланка мегирад, бинад нархашро. Ё баъзан вақт мешавад, ки ягон кас аз ҷойи дур, хеши ягон нафар ё раҳбари диаспора ба Маскав меояд ва нафари дигаре бемор аст ва омада наметавонад ва ҳуҷҷатҳоша мефиристад ва ҳамон одами миёнарав дигариро фиреб накунад гуфта, ман нархҳояшро навиштам дар болои бланка.

Ман бо тамоми масъулият мегӯям, имрӯз ягон хел ин кор нест. Агар раваду фурӯшад ҳам, вале бланка охир қалбакӣ нест, бародарон. Сохта намешавад.

Радиои Озодӣ: Салоҳиддин Азизов, ки дар Маскав кушта шуд, бародараш мегуфт, ки ба сафорат муроҷиат кардем, ёрӣ накарданд.

Абдулмаҷид Достиев: Аввалан ин ки ман ба падару модараш ва ақрабояш таъзия баён мекунам. Дуюм ин ки, бародарашро куштаанд, ман дар интернет хондам, ки бародараш аз рӯи дарду сӯзишу озурдагӣ гуфтааст, ки ҳамин хел шуд, инро ҳам қабул дорам. Зеро, дар он ҳолати ошуфтагӣ, Худо нишон надиҳад, ҳар кас чизе мегӯяд, вай одам мегӯяд. Саввум ин ки, ман дар сафорат духтари корманди рус надорам. Рӯзи душанбе одамҳо рафтанд, бо самолет гусел карданд. Бепул. Гуфтааст, ки дигарҳо ба ман пул доданд, сафорат не.

Бародарҳо, ман як чиз мегӯям. Дар сафорат пулу маблағ нест. Мо дар аввалҳо медодем, дар нав рафтагиям ягон корафтода меомад, мегуфтам, аз моҳонаҳои фалониҳо пул гиред, билет гиред ва гуселаш кунед. Аммо то кай чунин мекунем?

Дар шаҳри қимматтарини дунё – Маскав дипломат бо 600 доллар, 800 доллар кор мекунад. Ин баробари 80-90 сомонии ин ҷо ҳаст. Аз ин рӯ, ин корро бас кардем.

Баъзан, бисёр маҷбур мешавем, кофта ягон бизнесменро меёбем, илтимос мекунем, ёрӣ мекунанд, лекин то дараҷае ки гӯё мо дорему намедиҳем, нест.

Радиои Озодӣ: Мактубе, ки аз номи диаспораҳои тоҷикон дар матбуот чоп шуд бо интиқод аз Кабирӣ, ишора мешавад, ки гӯё ин мактуб дар сафорат тайёр шуда бошад. Дуруст аст?

Абдулмаҷид Достиев: Агар он мактуб дар сафорат таҳия шуда бошад, дастҳои кормандони сафорат шиканад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG