Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Газпром" дар пеши Аврупо шарт мегузорад


Алексей Миллер, раҳбари ширкати “Газпром”-и Русия, имрӯз дар парлумони Аврупо дар Бруксел гуфт, интиқоли газ ба Аврупо танҳо ба дунболи истиқрори нозирони мустақил дар роҳи ҳамлу нақли газ аз сар гирифта хоҳад шуд. Раиси ширкати “Нафтогази”-и Украина Олег Дубина гуфт, агар Русия интиқоли газ ба Аврупоро аз сар бигирад, Киев таъмини транзити онро замонат медиҳад. Дубина ва Миллер ба хотири музокирот бо мақомоти ИА вориди Бруксел шудаанд. Аз рӯзи чоршанбе қатъ шудани содироти гази Русия ба беш аз 10 кишвари аврупоӣ тавассути Украина боиси эҷоди ихлол дар таъмини газ дар ин кишварҳо шудааст. ИА ҳушдор дод, ки агар баҳси Киеву Маскав ба зудӣ ҳалл нашавад, эътибори Русия ҳамчун таъминкунандаи газ ва эътибори Украина ҳамчун кишвари транзитиро латма хоҳад зад.
XS
SM
MD
LG