Пайвандҳои дастрасӣ

Ожонси СММ фаъолиятҳояш дар Ғазаро мутаваққиф кард


Ожонси кӯмак ба паноҳандагони фаластинӣ, муассисаи имдодии вобаста ба СММ, мегӯяд, ба далели хатаре, ки аз ҷониби нирӯҳои Исроил бармеояд, фаъолиятҳояш дар навори Ғазаро мутаваққиф мекунад. Ин созмон имрӯз қаблан эълон кард, ки ронандаи як мошини ҳомили кӯмакҳояш аз тири нирӯҳои Исроил кушта шуд. Ин мошин ба Ғаза кӯмакҳои башарӣ мебурд. Артиши Исроил гуфт, ҳодисаи иттифоқуфтода дар шимоли Ғазаро таҳқиқ мекунад. Ва ҳам имрӯз аз қаламрави Лубнон алайҳи Исроил дасти кам се мушак партоб шуд. Ин нахустин мушакандозӣ алайҳи Исроил аз хоки Лубнон аз замони ҷанги се сол пеши байни Исроил ва Ҳизбуллоҳ буда, нигарониеро ба вуҷуд овард, ки шояд алайҳи Исроил ҷабҳаи дуввум боз шавад. Аммо намояндаи Ҳизбуллоҳ дар давлати Лубнон даст доштани ин гурӯҳ дар мушакандозии имрӯзаро радд карда, мақомоти Исроил, аз ҷумла раиси он ҷумҳурӣ Шимон Перес, низ ангушти иттиҳом ба сӯи фаластиниҳои муқими Лубнон баланд кардаанд.
XS
SM
MD
LG