Пайвандҳои дастрасӣ

Мушакҳо аз Лубнон ва афзоиши нигарониҳо


Зани исроилӣ дар назди хонаи худ, ки аз мушаки партобшуда аз Лубнон тахриб дидааст. Наҳария, 8 январи соли 2009

Зани исроилӣ дар назди хонаи худ, ки аз мушаки партобшуда аз Лубнон тахриб дидааст. Наҳария, 8 январи соли 2009

Дар ҳоле ки нерӯҳои исроилӣ ҳамлаи худро алайҳи ситезаҷӯёни Ҳамос дар Навори Ғазза идома медиҳанд, қаламрави Исроил аз ҷануби Лубнон мавриди зарба қарор гирифт.

Акнун Исроил ҳамзамон аз ду тараф ҳадафи мушак қарор мегирад, аз шимол, аз Лубнон ва аз ҷануб, аз Навори Ғазза. Ҳанӯз гуфтан душвор аст, ки мушакпаронӣ аз Лубнон ба тарафи Исроил ҳодисаи ҷудогона аст ё нақшаи густардаи ситезаҷӯёни Ҳизбуллоҳи Лубнон, аммо маълум мегардад, хушунат дар минтақа рӯ ба афзоиш дорад.

Пас аз партоби мушакҳо аз Лубнон, ки аз таркиши онҳо дар шимоли Исроил ду нафар захмӣ шуд, Исроил акнун бо ду ҷабҳа рӯбарӯст.

Ҳамлаи мушакӣ аз Лубнон, аз қаламраве, ки дар он мусаллаҳони Ҳизбуллоҳ ҳузури густарда доранд, дар сездаҳумин рӯзи мудохилаи ҳарбии Исроил дар Навори Ғазза ба вуқӯъ пайваст. Исроил мегӯяд, барои он ин мудохила сурат гирифт, то ба мушакандозиҳо аз Навори Ғазза ба ҳудуди Исроил хотима дода шавад. Аммо Исроил ҳанӯз ба ин мақсад нарасидааст.

Маълум нест, се ё чаҳор мушак аз тарафи кӣ ба шаҳраки Наҳарияи Исроил партоб шуданд, аммо нерӯҳои исроилӣ дафъатан бо мавҷи оташин ба ин зарба ҷавоб доданд.

Мақомоти исроилӣ мегӯянд, ба бовари онҳо, мушакпаронӣ аз Лубнон кори як гурӯҳи хурди фаластинист, ки мехоҳад, пуштибонияшро аз Ҳамос ва аҳли Ғаззаи ҷангзада нишон диҳад. Агар дарвоқеъ ҳамин гуна бошад, ин як ҳамлаи ҷудогона аст, ки ба амнияти минтақа хатари ҷиддӣ надорад.

Аммо агар ин ҳамла аз тарафи Ҳизбуллоҳ шуда бошад, вазъиятро комилан тағйир хоҳад дод. Исроил дар ҷанги соли 2006 талош карда буд, Ҳизбуллоҳро, ки аз тарафи Эрон пуштибонӣ мешавад, торумор кунад, аммо ғайриинтизори ҳама ва аз ҳама беш худаш шикаст хӯрд.

Аз он вақт Ҳизбуллоҳ дигарбора худро ташкил ва тақвият дод ва садҳо мушаки навро анбор кард, ки бархе аз онҳо то ба умқи қаламрави Исроил парида метавонанд. Раҳбари Ҳизбуллоҳ, Шайх Ҳасан Насруллоҳ як рӯз пеш ба таври таҳдидомез гуфт, мусаллаҳонаш бояд ба ҳама гуна пайомади ҳаводис омода бошанд. Вай ба Исроил низ ҳушдор дод, ки агар вориди ҷануби Лубнон мешавад, истиқболи доғе хоҳад дид.

Мушакпаронӣ аз Лубнон бо вуҷуди қобили интизор буданаш аҳолии Тел Авив ва манотиқи шимолии Исроилро нигарон кард.

Дар ин байн, талошҳои дипломатӣ ба қатъи ҷангҳои Ғазза ҳанӯз натиҷаҳои мушаххас надодаанд. Вазири умури хориҷии Миср, Аҳмад Абдулғайс мегӯяд, вай ҳадаф дорад, дар се рӯзи оянда тарафҳоро ба оташбас розӣ кунонад. Миср ба талошҳои сулҳ тамаркуз додааст ва бо намояндагони ҳам Исроил ва ҳам ҷиноҳҳои фаластинӣ тарҳи пешниҳодии Фаронса ва Мисрро баррасӣ мекунад. Вазорати дифоъи Исроил гуфт, барои гуфтугӯ сари ин тарҳ намояндаашро ба Қоҳира фиристодааст. Ин намоянда Амос Ҷилод, мушовири аршади вазири дифоъ Эҳуд Барак аст, ки дар гуфтушуниди соли гузашта бо Ҳамос ба оташбаси шашмоҳа даст ёфта буд. Ин оташбас дар моҳи декабр ба поён расид.
XS
SM
MD
LG