Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошт шудани ду гумонбар дар ҳамла ба хабарнигор


Мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб ду нафари гумонбар дар ҳамла ва латукӯби хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб ва сардабири нашрияи мустақили “Пажвок” Абдулмӯъмин Шерхоновро боздошт кардаанд. Абдулмӯъмин Шерхонов баъд аз зӯҳри сешанбе дар назди дафтари кораш дар Кӯлоб ҳадафи ҳамла ва латукӯб қарор гирифта буд. Ӯ мегӯяд, ҳангоми бозпурсӣ муттаҳамон даст доштани худ дар он ҳамларо эътироф карданд. Дар иртикоби ин ҳодиса бо иттиҳоми “авбошӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷустуҷӯи омили севвуми ҳамла ва латукӯби хабарнигор ҳанӯз идома дорад.
XS
SM
MD
LG