Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай амалиёти пурқурбонии Лағмонро маҳкум кард


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай амалиёти нирӯҳои таҳти раҳбарии Амрикоро, ки ба гуфтаи мақомоти афғонӣ, мунҷар ба ҳалокати 17 ғайринизомӣ, бо шумули занону кӯдакон шудааст, маҳкум кард. Нирӯҳои Амрико мегӯянд, дар амалиёти рӯзи сешанбе дар вилояти Лағмон, дар шарқи Афғонистон, 32 ҷангӣ, бо шумули як зани мусаллаҳ, кушта шуданд. Аммо меафзоянд, дар бораи ҳалокати афроди ғайринизомӣ дар ҷараёни ин амалиёт маълумоте дар даст надоранд. Ҳомиди Карзай ба таври мукаррар аз нирӯҳои байналмилалӣ даъват кардааст, аз ҳалокати мардуми ғайринизомӣ ҷилавгирӣ кунанд, вагарна ҷанги онҳо алайҳи ифротгароён ба шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд. Дар баёнияи имрӯзааш, Карзай ҳамчунин ҷангиёнро маҳкум кард, ки ба гуфтаи вай, аз мардуми ғайринизомӣ ба ҳайси сипари зинда истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG