Пайвандҳои дастрасӣ

Баъзе матолиби нашрияҳои ин ҳафтаи Тоҷикистон


Матолиби ҳафтаномаҳои ахири кишвар ба мавзӯъҳои мухталиф бахшида шудаанд.

Сиёсатмадори шинохта ва хабарнигори маъруф Раҷаби Мирзо дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар матлабе таҳти унвони «Соли офтоби ором» дар робита ба вазъи баъзе аз кишварҳои дунё, аз ҷумла, навиштааст: «...аксари мардум (поин) фаҳмида ё нофаҳмида сохти сотсиалистиро орзу доранд ё аз он бо ҳасрат ба ёд меоранд. Аммо ҳукуматҳо (боло) наметавонанд ба одамон зиндагиеро таъмин намоянд, ки онҳо қаблан доштанд (дар мисоли ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ). Ба назари ҷомиъашиносон, чунин ҳолат ҳатто аз вазъи инқилобӣ ҳам хавфноктар аст, чун хостаи поин конструктивист! Пурсида мешавад, ки дар ин ҳолат чӣ маънӣ дорад? Низоми нави идорӣ - вақте ҳаракати воқеъии сиёсӣ нест, на аристократия асту на демократия ва на монархия... нухбагони сиёсӣ тавозуне дарёфт намуданд, ки дар нуктаи 0 қарор дорад. Яъне низоми нав на демократист, на авторитарӣ. Он ҳеч гуна нест».

Дар гӯшаи «Мавқеъ»-и худ ин ҳафтанома дар робита ба қазияи ахири Фаластин ақидаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ва Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҲСДТ, -ро овардааст, ки ба суъоли «Шумо барпо гардидани ҳамоиши эътирозӣ бар зидди таҷовузи Фаластинро зарур медонед?» посухҳои мухталиф додаанд. «Ман фикр мекунам, ки зарурат вуҷуд дорад, - мегӯяд М. Кабирӣ. – Чун аксари давлатҳо ба по хестанд ва нисбат ба ин қазия мавқеъи худро баён карданд... Тоҷикистон... бояд мавқеъашро муайян кунад. Барои мо ҳамчун як кишваре, ки аксари мардумаш мусалмонҳо мебошанд, воҷиб аст, барои ҳалли ин қазия мавқеъи худро мушаххас намоем». Вале Р. Зоиров дар мегӯяд: «Не, зарур намедонам. Дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳамоишро барои мушаххас кардани мавқеъ ва ё фикру ақидаашон мекунанд... Мутаасссифона, дар давлатҳои мусулмоннишин аксаран ҳамоишҳо яктарафа ва берун аз фарҳанги таҳаммулпазирианд. Ман зидди ҳамоишҳое мебошам, ки онро ҲНИТ ва ё ягон ҳизби дигар барпо мекунад. зеро онҳо дар заминаи ҳамақидагӣ ва ба эътиқоди ҳизбии хеш мавқеъ мегиранд... Ман тарафдори он ҳастам, ки ҳамоишҳо дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ бо иштироки доираҳои мухталифи ақидатиҳо баргузор гардад... Дигар инки мо дар бораи ҳаводиси Исроил ва Фаластин иттилоъи саҳеҳ надорем».

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар матлаби «Парандаҳои мусофир лонаро танг мекунанд...», ки ба мавзӯи муҳоҷирати корӣ бахшида шудааст, аз ҷумла, овардааст: «Роҳи дигари қисман кам кардани сафи бекорон, ин «кашф»кардани кишварҳои навес, ки ба қувваи корӣ ниёз доранд... Дар ин ҷодда бояд Вазорати корҳои хориҷӣ амалкарде нишон диҳад ва корфармоёни ин кишварҳоро моил гардонад».

Ба ин мавзӯъ – муҳоҷирати корӣ – инчунин ҳафтаномаи «Asia-Plus» низ рӯ овардааст. Нашрия дар матлаби «Гоп-стоп!» ҳодисаи дар қатораи Москва – Душанбе ба сари як гурӯҳ мардикорони тоҷик омадаро таҳқиқ карда, ваъда намудааст, ки дар шумораи ояндаи худ аз ҳақиқати ҳол муфассал ҳарф хоҳад зад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG