Пайвандҳои дастрасӣ

Исломобод покистонӣ будани Қассобро эътироф кард


Покистон эътироф кард, ки танҳо ҳамлагари зиндамонда аз омилони ҳамлаҳои хунини моҳи ноябр дар шаҳри Мумбайи Ҳинд шаҳрванди Покистон будааст. Баъд аз ҳафтаҳои худдорӣ, Исломобод рӯзи чоршанбе эътироф кард, ки Муҳаммад Аҷмал Қассоб, ки мақомоти Ҳинд боздошташ кардаанд, шаҳрванди Покистон аст. Ҳамалоти ҷангиён ба Мумбай дар поёни моҳи ноябр беш аз 170 кушта барҷой гузошт ва Ҳинд мегӯяд, ҳамаи 10 омили он ҳамалот аз гурӯҳи покистонии Лашкари Таййибаанд.
XS
SM
MD
LG