Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил фаластиниҳоро дар мушакандозӣ айбдор кард


Бино ба хабарҳо, аз қаламрави Лубнон алайҳи шимоли Исроил дасти кам се мушак партоб кардаанд. Ин мушакандозӣ, ки тавре ба назар мерасад, хисороти бузурге бар ҷой нагузошт, нахустин мушакандозӣ алайҳи Исроил аз хоки Лубнон аз замони ҷанги се сол пеши байни Исроил ва Ҳизбуллоҳ аст. Бо он ки амалиёти низомии артиши Исроил дар сарзаминҳои фаластинии навори Ғаза вориди рӯзи 13-ум мешавад, ҳамалоти мушакии имрӯза нигарониеро ба вуҷуд овардааст, ки шояд алайҳи Исроил ҷабҳаи дуввуми ҷанг боз шавад. Аммо мақомоти Исроил, аз ҷумла раиси он ҷумҳурӣ Шимон Перес ангушти иттиҳом ба сӯи фаластиниҳои муқими Лубнон баланд кардаанд, на ба сӯи Ҳизбуллоҳ: “Мо медонем, ки ин ҳамла дар шимолро Ҷабҳаи миллӣ, як гурӯҳи алоҳидаи террористӣ, ки бархеаш дар Лубнон ба сар мебаранд, анҷом додааст. Ва сиёсати мо посухи билофосила аст. Аз ин рӯ, силоҳҳои мо ба он манбаъи тиркушоӣ посух доданд ва агар чунин ҳамалот такрор шавад, мо боз посух хоҳем дод.” Ҷангандаҳои Исроил имрӯз дар Ғаза нақбҳоеро нишон гирифтанд, ки бовар меравад, қочоқи аслиҳа аз Миср тавассути ҳамин нақбҳо сурат мегирад. Интизор меравад, намояндагони Исроил, гурӯҳи Ҳамос ва ташкилоти худгардони Фаластин бо мақомоти Миср тарҳи аз сӯи Қоҳира пешниҳодшудаи оташбасро баррасӣ кунанд. Амалиёти низомии артиши Исроил дар навори Ғаза то имрӯз ҳудуди 700 фаластинӣ ва 10 исроилиро кушта барҷой гузоштааст.
XS
SM
MD
LG