Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонандагони омӯзгор....ё омӯзгорони хонанда


Фанни риёзиро дар мактаби рақами 94-и пойтахт, омӯзгоре дарс мегӯяд, ки худ қариб ҳамсоли хонандагонаш аст.

Шаҳноза Аминзода, хонандаи синфи 11–и мактаби мазкур бо фармони садорати мактаб ва вазорати маориф таи ҳудудан 1 моҳ аст, ки дар мактаби худ ба ҳайси омӯзгор фаъолият дорад. Ӯ субҳ хонанда ва дар соатҳои холиву баъд аз зуҳр омӯзгор аст. Хонандагони нисбатан хурдсол аз ӯ чун муаллима ном мебаранд. Шаҳноза мегӯяд, рӯзҳои аввали омӯзгорӣ барояш чандон осон набуд, муҳассилин ӯро чун як ҳаммактабашон мешинохтанд ва чандон ҷиддӣ қабул накардаву, ба дарсҳояш гӯш намедоданд.

Зулайхои Сангалӣ, хонандаи синфи 11 барои синфҳои 7, 8 ва 9-и мактаби худ аз фанни физика дарс мегӯяд. Ӯ баъди иҷрои вазифаҳои хонагии худ дар хона бештар ба дарси навбатиаш омодагӣ мегирад. Чун, мегӯяд, ба хотири санҷиши дониши ӯ, муҳассилин ғолибан аз ин омӯзгори ҷавон бисёр суол мекунанд ва ӯ бояд омода бошад.

Шаҳноза ва Зулайхо ягона хонандагоне нестанд, ки дар баробари муҳассил буданаш бармаҳал вазифаи омӯзгориро ба дӯш гирифтаанд. Тибқи як фармони ҷадиди вазири маориф, ҳамакнун, ин таҷриба дар ҳама макотибе, ки аз камбуди омӯзгорон азият мекашанд, истифода мешавад. Шермуҳаммад Ёрмаҳмадов, корманди вазорати маорифи кишвар мегӯяд, бо ҳадафи рафъи камбуди омӯзгорон дар макотиби таҳсилоти умумӣ ва дур намондани хонандагон аз барномаҳои дарсӣ, шӯъбаҳои маорифи ҳама минтақаҳои кишвар муваззаф шудаанд, то собиқ хонандагони хубу аълохон ва ҳамчунин муҳассилини фаъолу донишманди синфҳои болоиро ба ҳайси омӯзгор ба кор ҷалб намоянд. Оқои Ёрмаҳмадов мегӯяд, ба ин хонандагон аввал тарзи кори омӯзгорӣ фаҳмонда мешавад ва ҳамчунин ҳаққи хизмати онҳо низ пардохт хоҳад шуд.

Ҳусния Зокирова, омӯзгори собиқадори мактаби рақами 94-и пойтахт, мегӯяд, барои пур кардани соатҳои холии дарсӣ онҳо хонандагонеро интихоб намудаанд, ки аз барномаи таълимии фанни зарурӣ хуб огоҳанд.

Дар макотиби таҳсилоти умумии кишвар ғолибан камбуди шадиди омӯзгорони илмҳои дақиқ, ба вижа физикаву кимиё ва риёзиёт эҳсос мешавад ва омӯзгорони ҷавон, аниқтараш муҳассилини синфҳои болоӣ ҳам барои таълими ин фанҳо ҷалб мегарданд, илмҳое ки то андозае душвору мушкилфаҳманд. Вале бархе аз ин омӯзгорони ҷавон мегӯянд, онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба ҳамсолонаш на бо усулҳои кӯҳнаву маъмулӣ, балки ба таври осону ҷолиб ва зудфаҳм дарс гӯянд. Шаҳноза Аминзода, хонандаи синфи 11 ва омӯзгори фанни риёзӣ: “Мехоҳам корҳои хаттиро ба таври тестӣ гирам, яъне мисолҳо бояд фарқ кунанд, то хонандагон аз якдигар накӯчонанд. Тестро худам тайёр мекунам, бо кӯмаки омӯзгорон. То имрӯз дар мавриди навиштани корҳои хаттӣ тарафи чапу рост буд ва аксаран муҳассилин аз ҳамдигар мекӯчониданд.”

Нилуфари Наҷмиддин, хонандаи синфи 10 ба ҳаммактабиёнаш аз фанни физика дарс медиҳад. Ӯ мегӯяд, ҳангоми дарсдиҳӣ кӯшиш мекунад, то бештар бо хонандагон сӯҳбатҳои озод дошта бошад ва танҳо бо усули сӯҳбату гуфтугӯ ва суолу ҷавоб мавзӯъро ба хонанда расонад.

Ин хонандагони омӯзгор мегӯянд, фаъолияти омӯзгориашон ҳам ҷиҳати мусбиву ҳам манфӣ дорад. Мусбияш ин ки донишашонро такмил медиҳанд, дарсҳоро такрор мекунанд ва барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои олӣ тайёр мешаванд. Манфиаш ин ки баъзан аз дарсҳои худашон ақиб мемонанд.

Ба қавли муаллима Ҳусния Зокирова, иқдоми ҷалби хонандагон ҳамчун омӯзгор метавонад дар дили насли ҷавон меҳре ба омӯзгорӣ бедор сохтаву, дар оянда ба рафъи ин мушкил мусоидат намояд. Вале Фархунда ном ҷавондухтар аз истифодаи нерӯи хонандагони синфҳои болоӣ ба ҳайси омӯзгор чандон хуш пазироӣ намекунад. Ба фикри Фархунда, барои таълими кӯдакону наврасон дониши махсуси равонӣ ва истифода аз усулҳои махсуси кор бо хонандагон хеле зарур аст.

Вазорати маорифи кишвар мегӯяд, ин иқдом дастовардҳои назаррас дорад, барои мисол, тасвиби фармони мазкур камбуди омӯзгорон дар муассисаҳои таълимиро аз ҳудудан 8 ҳазор нафар то ба 3 ҳазор коҳиш додааст.
XS
SM
MD
LG