Пайвандҳои дастрасӣ

Манижа, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, мегӯяд, чанд рӯзи пеш ӯ ва дигар духтарони ҳамсабақаш бар зидди бемории саратон эм гирифтанд.

Манижа умедвор аст, ки ин воксин онҳоро аз гирифторӣ ба ин маризӣ эмин медорад.

Вазорати беҳдоштии Тоҷикистон тавассути эмгузаронии 6 ҳазор донишҷӯдухтарони чанд макотиби олии кишвар мехоҳад аз густариши бемории саратони гарданаки бачадон ҷилавгирӣ кунад. Тайи чанд соли ахир мубталоёни ин беморӣ дар Тоҷикистон рӯ ба густариш овардааст.

Воксини "гардасил", сохти ширкати дорусозии «Sanati Pasteur»-и Фаронса барои пешгирии бемории саратони гарданаки бачадон ва дигар намудҳои саратони узвҳои таносули занона равона шудааст. Ин навъи воксин дар ҳаҷми 19 ҳазор адад ахиран аз сӯи барномаи «Ҳоуп» ё «Умед»-и Оҷонси рушди байнулмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағгузорӣ ва ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Маъракаи нахустири эмгузаронии духтарони тоҷик дар ҳоле ҷараён мегирад, ки аксари онҳо дар ин замина иттилоъи нокофӣ доранд. Мирзошоҳ Қаландаршоев, табиби маркази чумҳуриявии сартоншиносӣ, мегӯяд, воксини "гардасил" барои наврасони аз 9 то 17-сола ва ҷавондухтарони аз 18 то 26-сола барои пешгирии бемориҳое, ки барангезандаашон вируси папиломаи инсон аст, пешбинӣ шудааст.

Оқои Қаландаршоев бо такя ба таҷрибаи ҳамкасбони хориҷиаш таъкид мекунад, ки «гардасил» метавонад аз бемории саратони бачадон ҷилавгирӣ кунад ва истифодаи ин воксин дар миёни донишҷӯдухтарон дар се бахш сурат мегирад. Ба гуфтаи Мирзошоҳ Қаландаршоев, дар баробари дигар омилҳое, ки боиси сар задани саратони бачадон дар миёни ҷавондухтарон мегардад, сабаби аслӣ ба таври сареъ ва ҳамзамон муолиҷа нашудани илтиҳоб будааст.

Ба қавли Искандар Бобоев, омӯзгори кафедраи ташхис ва муолиҷаи шуоъии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, хатари дигар дар ин аст, ки дар ин охирҳо саратон тамоюли ҷавоншавиро касб кардааст. Барои тақвияти гуфтаҳои худ ӯ мисол меорад, ки танҳо дар се моҳи ахир наздик ба 80 нафар мубталоёни саратонро ташхис кардааст, ки нисфи онҳо ҷавонони аз 20 ба боло будаанд.

Дар ин зимн Зафар Ҳусейнов, муъовини раиси маркази саратоншиносии Тоҷикистон, теъдоди расмии гирифторони саратонро дар Тоҷикистон 13 ҳазор мегӯяд.

Bазорати беҳдоштии Тоҷикистон мегӯяд, ки таҷрибаи эмкунии донишҷӯдухтарони тоҷик бар зиди саратони гарданаки бачадон, ки ҳоло ба таври озмоишӣ пиёда мешавад, боз ҳам идома хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG