Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси гази Русияву Украина дар Бруксел


Намояндагони ширкатҳои гази Русияву Украина ба хотири музокирот бо мақомоти ИА вориди Бруксел шуданд. Мавзӯъи аслии музокироти Бруксел бӯҳрони пешомада бар сари нархи газ байни Русияву Украина аст, ки боиси қатъ шудани содироти гази Русия ба Аврупо тавассути қаламрави Украина шуд. Бино ба хабарҳо, раҳбарони ҳам “Газпром”-и Русия ва ҳам “Нафтогази”-и Украина феълан дар Бруксел қарор доранд. Қатъи воридоти газ аз Русия, ки тақрибан чаҳоряки ниёзи Аврупо бо газро таъмин мекунад, боис шуд, ки кишварҳои ин қора ба хотири пӯшонидани камбуди газ даст ба захираҳо ва ё ба тадобири изтирорие, чун маҳдуд кардани тавзеъи газ, бизананд. ИА ҳушдор дода, ки агар ин баҳс ба зудӣ ҳалл нашавад, эътибори Русия ҳамчун таъминкунандаи газ ва эътибори Украина ҳамчун кишвари транзитиро латма хоҳад зад.
XS
SM
MD
LG