Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Салиби Сурх аз бархӯрди нирӯҳои Исроил


Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх нирӯҳои Исроилро муттаҳам кардааст, ки ба афроди захмӣ дар атрофи Ғаза кӯмак намерасонад ва монеъи дастрасии намояндагони ин созмон ба минтақа мешавад. Маъмурони Салиби Сурхи байналмилалӣ ва Ҳилоли Аҳмари Фаластин дар минтақаи Зайтун дар наздикии мавозеъи нирӯҳои Исроил аз зери овори манзилҳои мушакбороншуда беш аз 10 кушта ва дасти кам 19 нафари зинда, аз ҷумла чандин нафари маҷрӯҳ ва 4 кӯдакро пайдо кардаанд. Салиби сурхи байналмилалӣ дар байния шадидуллаҳне ин ититфоқро “таккондиҳанда” номида, гуфт, маъмуронаш тайи 4 рӯзи баъди мушакборон иҷозати вуруд ба Зайтунро надоштаанд.
XS
SM
MD
LG