Пайвандҳои дастрасӣ

Сарнавишти "Пушкини назми туркӣ"


Шоири маъруфи турк Нозим Ҳикмат

Шоири маъруфи турк Нозим Ҳикмат

Давлати Туркия ахиран ҳаққи шаҳрвандии ин кишварро ба шоири маъруф Нозим Ҳикмат баргардонд.

Нозим Ҳикмат пас аз зиндагии пуршӯре, ки 17 солаш дар кунҷи зиндон гузаштааст, соли 1963 дар Маскав, дар ғурбат ҷаҳонро падруд гуфт ва ӯро дар оромгоҳи Новодевичийи пойтахти Русия ба хок супурданд.

Худи шоир аммо васият карда буд, ки ӯро дар Туркия, зери дарахте дар яке аз қабристонҳои Анталия дафн кунанд. Мақомоти Туркия мегӯянд, акнун, ки ҳаққи шаҳрвандии Нозим Ҳикмат барқарор шудааст, бояд худи пайвандони ӯ тасмим бигиранд, ки турбаташро ба Туркия хоҳанд кӯчонд ё хайр?

Нозим Ҳикмат, ин шоири шӯридаи турк, ки ҳатто “Пушкини назми туркӣ” номаш мебаранд, яке аз ҳазорон атбоъи Туркия буд, ки дар солҳои Ҷанги Сард ба далели пайравӣ аз ақидаҳои коммунистӣ ва ширкат дар ҷунбишҳои чапгаро ба зиндон кашида шуда ва ё тарки ватан карданд, ё ҳарду.

Нозим Ҳикмат соли 1902 дар Салоникӣ дар хонаводаи ашрофи турк дида ба ҷаҳон кушода, аз 15-солагӣ ба шеър гуфтан оғоз кардааст. Ӯ аз овони ҷавонӣ ба фаъолиятҳои сиёсӣ пардохта, ибтидо аз асосгузори низоми ҷумҳурии Туркия Камол Отатурк тарафдорӣ мекард ва ҳатто барои истиқлолияти Туркия муддате ҳам ҷангид, вале дар солҳои бистуми қарни 20 ба ҳизби коммунист пайваста, дар Маскав дар Донишгоҳи коммунистии заҳматкашони Шарқ таҳсил кард.

Нозим Ҳикматро дар Туркия барои ашъори интиқодӣ чандин дафъа ба зиндон кашиданд. Бори охир додгоҳи Туркия ӯро дар соли 1938 ба 35 соли зиндон маҳкум кард. Нозим Ҳикмат дар маҷмӯъ беш аз 17 солро дар маҳбас ба сар бурда, соли 1950 дар пайи раҳоияш аз зиндон, тарки ватан кард ва соле баъд аз ҳаққи шаҳрвандии Туркия низ маҳрум шуд.

Ашъори Нозим Ҳикмат ба тақрибан 50 забони дунё тарҷума ва нашр шудааст, вале нашр ва ҳатто хондани шеъри ӯ дар Туркия то соли 1965 расман мамнӯъ буд. Дар солҳои баъд низ осори Нозим Ҳикматро дар Туркия махфиёна мутолиа мекарданд, ки мабодо ба пайравӣ аз ақидаҳои коммунистӣ муттаҳам шаванд.

Чеҳраҳои саршиноси фарҳангии Туркия, бо шумули барандаи ҷоизаи адабии Нобел Орҳан Памук сарнавишти пуршӯри Нозим Ҳикматро як намунаи барҷастаи таъқиби дигарандешӣ дар Туркия хондаанд. Дар соли 2000 бо ибтикори Сандуқи Нозим Ҳикмат қариб ним миллион нафар дар Туркия зери номаи дастаҷамъие имзо гузоштанд, ки аз давлат эҳёи шаҳрвандии Туркия барои шоирро талаб мекард.

Вазири фарҳанги Туркия Эртуғрул Гунай мӯътақид аст, ки давлат бо эътои дубораи ҳаққи шаҳрвандӣ ба Нозим Ҳикмат бо ислоҳи иштибоҳи пешинаш нафақат қарзи худро адо кард, балки худро низ аз он иштибоҳ пок сохт.

Шоираи тоҷик Гулрухсор низ мегӯяд, Нозим Ҳикмат аз ин ҳама афви гуноҳ кайҳо бениёз шуда ва тасмиме, ки гирифта шуд, бештар ба дарди худи давлатдорони Туркия мехӯрад, ки дар замонаш шоирро ҷабран беватан карданд. Вай меаязояд, Нозим Ҳикмат ва он шуъарои дигаре, ки зери чархи сиёсатҳои вақт қурбон шуданд, ҳақиқатеро ба ҳокимони замон бармало карданд, ки набард алайҳи шоир беҳуда аст ва ин шеър аст, ки ба фарқ аз сиёсатҳои бӯқаламун ҳаргиз намемирад.

Сарнавишти Нозим Ҳикмат шабоҳатҳое бо сарнавишти шоири тоҷик Бозор Собир дорад, ки 14 сол ба ин сӯ дар Амрико дар ғурбат ба сар мебарад. Дар моҳи ноябри соли гузашта Бозор Собир 70-сола шуд, вале бо вуҷуди даъватҳои мукаррар дар матбуот дар Тоҷикистон ҳеҷ маҳфили расмие ба шарафи ҷашни шоир гузошта нашуд. 7 сол дар Туркия низ таҷлили расмӣ аз садсолагии Нозим Ҳикматро низ тақрибан ҳамин гуна “фаромӯш” карда буданд ва он ҳам дар ҳоле, ки ЮНЕСКО соли 2002-юмро ба шарафи ҷашни ин шоири турк дар саросари ҷаҳон соли Нозим Ҳикмат эълон карда буд.

XS
SM
MD
LG