Пайвандҳои дастрасӣ

Саъй барои рафъи ҷанҷоли Русияву Укроин


Қарор аст , имрӯз мақомоти ширкатҳои "Газпром"-и Русия ва "Нафтогаз"-и Укроин дар шаҳри Брюссел бо намояндагони Иттиҳодияи Аврупо барои хотима додан ба ҷанҷол дар бораи қимат ва пардохти ҳаққи гази содиротӣ гуфтугу кунанд. Бар асари ин ҷанҷол транизити гази Русия аз тариқи Укроин ба Иттиҳодияи Аврупо қатъ шуда ва даҳҳо кишвари узвро дар сармои сахт бегазу гармӣ гузоштааст. Рӯзи чаҳоршанбе Хосе Мануэл Барросо раиси Кумиссиёни Аврупо гуфт, агар Русияву Укроин ба зудӣ ба баҳси худ поён надиҳанд, эътиборашонро ҳамчун таъминкунанда ва кишвари транзитии қобили эътимод дар назди Иттиҳодияи Аврупо аз даст хоҳанд дод. Вай афзуд, ки Укроину Русия ризоият додаанд, то нозирони байналмилалӣ ҷараёни интиқоли гази Русия аз тариқи Укроин ба Аврупоро назорат кунанд, то аз дарди сарҳои оянда ҷилавгирӣ шавад.
XS
SM
MD
LG