Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокирот барои созиши оташбас дар Ғазза


Миср мегӯяд, қарор аст, имрӯз намояндагони Исроил ва Фаластиниён доир ба масоили фаннии вобаста ба созиши оташбаси пешниҳодӣ дар Навори Ғазза бо мақомоти расмии Миср гуфтугу кунанд. Ба гуфтаи мақомоти мисрӣ намояндагони Исроил, Ҳамос ва Фатҳи Ташкилоти Худгардони Фаластин ба шаҳри Қоҳира барои гуфтугу даъват шудаанд. Аммо музокироти мустақим миёни Исроилу Ҳамос пешбинӣ нашудааст. Исроил рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ба “усулҳои умумии” созиши оташбаси пешниҳодии Фаронсаву Миср мувофиқат кардааст, аммо ҷузъиёти он бояд ҳамоҳанг шавад. Ин тарҳ, ки аз тарафи Амрико низ ҳимоят шудааст, иҷрои тадобири амниятиеро пешбинӣ мекунад, то қочоқи силоҳ аз Миср барои тундравони созмони Ҳамос дар Ғазза қатъ шавад. Аз рӯзи оғози юриши Исроил ба Навори Ғазза дар рӯзи 27 декабр то кунун тақрибан 700 фаластинӣ кушта ва 3 ҳазор тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG