Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти нав ва сахти Русияву Укроин


Қарор аст, имрӯз даври нави музокироти Русия ва Укроин дар мавриди қарзу ҳаққи қимати гази табии Русия баргузор шавад. Ҷанҷоли ду тараф дар ин замина, ки чанд ҳафта аст, идома дорад, сабаби қатъи ҷараёни гази Русия ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо шуд, ки ҳоло сармои шадиде онҳоро дар панҷаи худ мефишорад. Ширкати “Газпром” Укроинро муттаҳам кард, ки намегузорад, то гази содиротӣ то ба қаламрави кишварҳои аврупоӣ бирасад, аммо Укроин мегӯяд, худи Русия интиқоли газро қатъ кардааст. Чанде аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ аз сабаби норасоии газ маҷбур шудаанд, баъзе аз шабакаҳои гармидиҳии умумиро хомӯш карда, мактабҳоро бубанданд ва истифодаи газ дар корхонаҳои саноатиро кам кунанд. Хосе Мануел Бароссо - раиси Кумиссиёни Аврупо гуфт, Русияву Укроин иҷоза доданд, то ки нозирони аврупоӣ транзити газ ба Аврупоро назорат кунанд.
XS
SM
MD
LG