Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ба ҳамлаҳои нав омодагӣ мегирад


Исроил пеш аз бомборони нақбҳои зеризаминӣ, ки Навори Ғаззаро ба Миср васл мекунанд, ба сокинони маҳалҳои наздики он ҳушдор додааст, то маконҳои зисти худро тарк кунанд. Дар ин миён мақомоти беҳдоштии Фаластинӣ мегӯянд, ки теъдоди қурбониёни юриши Исроил дар Навори Ғазза аз 700 нафар ва теъдоди маҷрӯҳон аз 3 ҳазор нафар гузаштааст. Рӯзи гузашта Исроил баъди таввақуфи се соата барои ирсоли кӯмакҳои башарӣ ба Навори Ғазза ҳамлаҳо ба зидди аъзои созмони Ҳамосро аз сар гирифт. Низомиёни Исроил гуфтанд, дар ду рӯз як маротиба шиддати ҳамлаҳоро коҳиш хоҳанд дод, то ба мардуми Ғазза кӯмакҳои башарӣ расонида шавад. Дигар ин ки Исроил гуфтааст, ба усулҳои созиши оташбас бо созмони Ҳамос мувофиқат кардааст. Аз юриши Исроил ба Навори Ғазза, ки ба гуфтаи Тел Авив ҳадафи он хотима додан ба ҳамлаҳои мушакии Ҳамос ба Исроил аст сенздаҳ рӯз пур шуд.
XS
SM
MD
LG