Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аврупо хостори ҳалли ихтилофи гоз шуд


Иттиҳодияи Аврупо имруз ба Маскав ва Киев 24 соъат вақт дод, то ихтилофоти худро рафъ кунанд, зеро ҷараёни интиқоли гоз аз Руссия ба Аврупо тавассути Укроин боздошта шудааст. Сабаби он ташдиди мубоҳисоти Маскаву Укроин бар сари нархи гоз будааст. Бино ба гузоришҳо, ҳоло 10 кишвари аврупоӣ, аз ҷумла Утриш, ҷумҳурии Чех, Руминия ва Словакия ахирин кишварҳое мебошанд, ки гози Руссияро комилан дарёфт намекунанд. Хосе Мануел Бароссо-раиси Кумиссиюни Аврупо гуфт: "Мо ҳам аз нахуствазир Путин ва ҳам аз нахуствазир Тимошенко итминон гирифтем, ки ҳар ду ҷониб бозрасони байналмиллалиро қабул мекунанд, то дар маҳал рӯшан созанд, ки интиқоли гоз воқеъан ҷараён дорад". Қатъи интиқоли гоз ба замоне мусодиф омадааст, ки дар Аврупо сармо ҳукм меронад ва ҳукуматҳо маҷбур шудаанд, захираҳои худро ба истифода диҳанд ё сарчашмаҳои дигари алтернатив ҷустуҷу кунанд. Буҳрони интиқоли гоз 1-уми январ оғоз шуда буд.
XS
SM
MD
LG