Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имруз бо рузи Ошуро мусодиф аст


Имруз аҳли шиъа рузи Ошуроро баргузор карданд. Ин руз бо рузи куштори Ҳусейн ибни Алӣ-имоми шиъа ва набераи Муҳаммад-паёмбари ислом мусодиф аст. Ба ин муносибат тақрибан 1,5 милиён нафар зоироин дар шаҳри Карбалои Ироқ, дар маҳвале, ки дар соли 680қи ҳиҷрӣ имом Ҳусейн бо 72 нафар ҳамроҳонаш кушта шуд , раҳпаймоӣ анҷом доданд. Маъмулан дар ин руз бо задани занҷир ба сару сина ва шонаҳо шаҳодати имом Ҳусейнро гиромӣ медоранд. Дар шаҳрҳои дигар низ ин маросим баргузор шуд. Муҳаммад Аббос, ки дар раҳпаймоии Кобул худро бо занҷир мезад, чунин гуфт:

"Ишқи Ҳусейн дар ҳар диле, ки вуҷуд дорад, дарде вуҷуд надорад".

Бисёриҳо дар ҷараёни ин маросим бадани худро хуншор мекунанд, вале мегуянд, ки бад-ин роҳ мехоҳанд шиканҷаи Ҳусейнро дар бадани худ эҳсос кунанд.
XS
SM
MD
LG