Пайвандҳои дастрасӣ

Қурайшӣ эъломияи муштараки ҳамкориро муҳим хонд


Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ-вазири хориҷаи Покистон мегуяд, эъломияи ҳамкории миёни Покистону Афғонистон барои ин ду кишвар, ки гоҳо муносиботашон ба сардӣ мегарояд, муҳим аст. Ин эъломия дируз дар ҷараёни музокироти Ҳомид Карзай ва Осифалӣ Зардорӣ-руасои ҷамоҳири Афғонистну Покистон дар Кобул ба имзо расид. Тибқи эъломияи муштарак ҳар ду кишвар муваззафанд дар имтидоди марзҳои муштарак бар зидди шуришиён ва ифротгароён мубориза кунанд. Эъломия ҳамчунин тавсеъаи ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоративу омузиширо низ дар бар мегирад. Қабл аз бозгашт ба Исломобод Зардорӣ ду дафъа бо Карзай ба музокира нишаст.

XS
SM
MD
LG