Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилот ва ояндаи соҳаи пахтакорӣ


Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон аз давлат хостааст, бидуни таъхир ва аз ҳамин соли 2009 ба ислоҳоти куллии низоми кишоварзии ин кишвар шурӯъ кунад.

Ба гуфтаи оқои Муҳаммадазимов, сӯҳбати ислоҳоти риштаи кишоварзӣ инак 17 сол боз вирди забонҳост, вале дар амал то ҳол ҳамон
Таҳлилгари тоҷик: "Бояд заминро аз дасти раисони колхозҳо кашида гирифт ва байни хонаводаҳое тақсим кард, ки насл ба насл дар ин замин кор мекунанд."
низоми колхозии мерос аз замони Шӯравист, ки бо андаке тағйири сурат бар рустоҳои Тоҷикистон ҳукумат меронад. Таҳлилгари тоҷик мегӯяд, бояд заминро аз дасти раисони колхозҳо кашида гирифт ва байни хонаводаҳое тақсим кард, ки насл ба насл дар ин замин кор мекунанд.

Абдуғанӣ Муҳаммадазимов мегӯяд, ислоҳоти кишоварзӣ бояд хеле амиқтар аз дастури соли гузаштаи давлат бошад, ки сармоягузории хоҷагиҳои кишоварзиро ба бонкҳои маҳаллӣ супурд. Аммо ин ибтикори порсола оё ба деҳқон чӣ дод ва бори гарони қарзеро, ки бар дӯши хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон бор шуда буд, магар сабуктар кард? Сарнавишти як хоҷагии пахтакор дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон посух ба ин суол аст. Ин хоҷагӣ ахиран як трактори навъи Т-40-ашро ба фурӯш зад, то қарзи гирифтааш аз “Тоҷпромбонк”-ро баргардонад. Ёқубҷон Собиров, мудири дафтари “Тоҷпромбонк” дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, бонки мазкур то имрӯз ҳамагӣ чизе бештар аз 3 % аз 1,5 миллион сомонӣ қарзи соли гузашта ба хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Ҳамадонӣ додаашро баргардонидаасту халос.

Зубайдуллоҳи Розиқ, ки таҷрубаи раҳбарӣ ба як хоҷагии деҳқониро низ дорад, мегӯяд, мушкилоти соҳаи кишоварзӣ хоҷагиҳои деҳқониро дар вартаи хатарноке қарор дода, ононро маҷбур мекунад, ба хотири пас додани қарзи бонк даст ба фурӯши молу мулк ва ҳатто мошинолоти барои ин хоҷагиҳо ҳаётан муҳим бизананд.

Хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон то соли 2008 қарзҳои бонкиро тавассути ширкатҳои миёнрави фючерсӣ дарёфт мекарданд ва қарзи тайи беш аз 10 соли чунин шеваи кор ҷамъшудаи онҳо аз ширкатҳои миёнрав то имрӯз болиғ аз ним миллиард доллар шудааст. Давлати Тоҷикистон бозгардони ин қарзи ҷамъшудаи хоҷагиҳоро мунҷамид карда, соли гузашта дастур дод, то аз ин ба баъд бонкҳо худ мустақиман ба хоҷагиҳои пахтакор қарз бидиҳанд. Ба ин хотир, аз ҳисоби будҷа 160 миллион сомонӣ, чизе дар ҳудуди 50 миллион доллар, низ ҷудо шуд, то бонкҳои кишвар маблағи лозим барои ироаи қарзҳоии боимтиёз ба деҳқонро дошта бошанд.

Бо вуҷуди роҳандозии механизми ҷадиди ироаи қарзҳои бонкӣ, хоҷагиҳои пахтакор дар соли гузашта ҳам натавонистанд 550 000 тонна нақшаи солонаи пахтаро иҷро кунанд. Соли 2008 дар Тоҷикистон тақрибан 350 000 тонна пахта ҷамъ оварда шуд, яъне ба ҳисоби миёна 14 сентнер аз ҳар ҳектор. Баҳром Шарифов, мушовири раиси “Тоҷикагроинвестбонк” мегӯяд, хоҷагии пахтакор бо чунин ҳосили ночиз қарзи бонкро баргардонда наметавонад.

Ба ҳар сурат, Давлат Усмон, вазири пешини иқтисоди Тоҷикистон ва таҳлилгари масоили иқтисоди ин кишвар мегӯяд, механизми

Собиқ раҳбари хоҷагии пахтакор: "Хоҷагиҳо маҷбуранд ба хотири баргардонидани қарз ба фурӯши молу мулк ва ҳатто мошинолоти барои ин хоҷагиҳо ҳаётан муҳим даст бизананд."

ҷадиди дарёфти қарзҳо, албатта, қадаме ба пеш буд, вале наметавонист ба тамоми мушкилоти ҷамъшуда дар соҳаи кишоварзӣ расидагӣ кунад. Як омили ин, ба эътиқоди Давлат Усмон, ҳушдори ҳукумат аст, ки гуфтааст, замонати қарзҳои ҷадиди хоҷагиҳои кишоварзиро бар ӯҳда нахоҳад гирифт ва ин омил бонкҳоро таҳрик медиҳад, ҷиҳати баргардонидани қарзи ба хоҷагиҳои пахтакор ироашуда мустақилона ва фаъолтар иқдом кунанд. Омили дигаре, ки дасти хоҷагиҳои деҳқониро дар амри пас додани қарзи бонк боз ҳам кӯтоҳ кардааст, пойин рафтани нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳонист.

Мушкили дигар шеваи муомила миёни хоҷагиҳои пахтакор ва корхонаҳои коркарди пахта будааст. Зубайдуллоҳи Розиқ бо такя ба собиқаи раҳбариаш ба яке аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дар водии Вахш мегӯяд, бо вуҷуди аз ин муомила дур андохта шудани ширкатҳои миёнрави фючерсӣ ин бахши кор то ҳол як сурати шоиста касб накардааст ва ин муомила ҳамчунон муомилаи як ғуломдор бо ғуломро мемонад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар соли 2009 майдони кишти пахта дар кишвар тақрибан 10 000 ҳектори дигар коҳиш хоҳад ёфт, вале пахтакорӣ бо ин вуҷуд, бахши муҳим ва стротежии риштаи кишоварзии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

Аммо ба бовари коршиносон, пахтакори тоҷик наметавонад бо ин дасту пойи баста аробаи иқтисоди рустои кишварро бо дили гарму бо хотири ҷамъ бикашад. Давлати Усмон мӯътақид аст, ки риштаи кишоварзии кишвар дар воқеъ ба як ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Ба ислоҳоте, ки ба эътиқоди ӯ, ба деҳқон бояд пеш аз ҳама озодӣ бидиҳад. Вагарна, сели кишоварзоне, ки тарки пешаи деҳқонӣ карда ва ба хотири пайдо кардани рӯзии беҳтару як зиндагии нисбатан шоиста худро ба шаҳрҳо мезананд ва ё барои мардикорӣ роҳии Русия ва кишварҳои дигар мешаванд, сол ба сол афзоиш хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG