Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон муҳоҷиронро ба ватан мехонад


Порлумони Қирғизистон
Порлумони Қирғизистон

Қирғизистон барномаи вижаи ба ватан баргардондани муҳоҷирони корӣ аз хориҷро таҳия кардааст.

Ҳадафи аслии барномаи вижаи «Қайрилман» ё «Бозгаштагон» ба ватан баргардонидани муҳоҷирони корӣ, ҳамчунин аҳолии қирғизтабор аз соири кишварҳои Шӯравии собиқ ва мамолики дигари хориҷӣ гуфта мешавад. Барномаи мазбур мақоми давлатиро касб карда, дар порлумони кишвар бо қонун устувор гардонида шудааст.

Ойгул Рисқулова, раиси кумитаи муҳоҷират ва шуғли аҳолии Қирғизистон, гуфтааст, қирғизтабороне, ки нияти бозгашт ба ватани бумиро доранд, дар зудтарин фурсат мақоми шаҳрванди кишварашро ба даст хоҳанд овард. Ба гуфтаи хонум Рисқулова, дар ҳамин ҳол теъдоди зиёди қирғизтаборон дар Узбакистон, Тоҷикистон ва Чин ба сар мебаранд.

Ба таъкиди раиси кумитаи муҳоҷират ва шуғли Қирғизистон, муҳоҷироне низ ҳаққи бозгашт ба ватанро доранд ва ба ҳайси шаҳрванди кишвар пазируфта хоҳанд шуд, ки дар Африқо ё Австралиё ба сар мебаранд ва шаҳрванди он кишварро гирифтаанд.

Бояд тазаккур дод, ки соли гузашта порлумони Қирғизистон қонун «Дар бораи ҳимояти қирғизтабороне, ки ба ватани таърихии худ бармегарданд»-ро ба тасвиб расонид. Тибқи ин қонун, ҳар як фарди ба Қирғизистон бозгашта дар ҳимояти давлат қарор мегирад ва аз имтиёзҳои молӣ бархурдор мегардад.

Кумитаи муҳоҷират ва шуғли Қирғизистон мегӯяд, ки дар ҳамин ҳол дар кишварҳои осиёӣ низ хонаводаҳои зиёди қирғизтаборон ба сар мебаранд, вале аксарияти онҳо нияти ба ватани бумӣ баргаштанро надоранд.

Ҷонибек Зоҳид, як шаҳрванди қирғизтабори покистонӣ, ки аз Бишкек боздид намудааст, ба радиои Озодӣ гуфт, дар қаламрави Покистон ҳудуди сесад қирғизтабор сукунат доранд ва ӯ бидуни иштибоҳ метавонад гӯяд, ки аъзои ҳар кадоме аз ин хонаводаҳо ватани бобоиашонро пазмон шудаанд.

Азиза Абдурасулова, раҳбари созмони ҳуқуқи башари «Қилим шамӣ» ё «Шамъи аср» бозгашти қирғизтаборон ба ватани бумии онҳоро ногузир мешуморад. Ба гуфтаи Азиза Абдурасулова, ҳар як муҳоҷири қирғиз, ки ба сабабҳои мухталиф берун марзи кишварашро тарк кардааст, ҳаққи ба ватан бозгаштанро дорад ва касе ин муҳоҷиронро гунаҳкор нахоҳад кард.

Бояд тазаккур дод, ки дар ду ноҳияи Тоҷикистон-Ҷиргатол ва Мурғоб ва чанд ноҳияи водии Вахши ин кишвар қирғизтаборон ба сар мебаранд, ки гуфта мешавад, теъдоди онҳо дар ҳудуди шаст ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG