Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон – барандаи Ҷоми «Дӯстӣ»


Дастаи мунтахаби мардонаи ҳандболи Тоҷикистон барандаи Ҷоми «Дӯстӣ» гардид.

Дар ин мусобиқа, ки дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе тӯли ду рӯз идома кард, тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Афғонистон, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкат варзиданд.

Дастаи Тоҷикистон, ки дар бозии ниҳоӣ бар мунтахаби Афғонистон бо натиҷаи 29:24 пирӯз шуд, мақоми аввалро касб кард.

Саид Маҳмудов, муовини раиси Федеросиюни ҳандболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Ин мусобиқа, ки бо ибтикори федеросиюнҳои ҳандболи Тоҷикистону Афғонистон доир шуд, қабл аз ҳама барои табодули таҷриба, таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкории мураббиёну варзишгарони ҳарду кишвар мусоидат хоҳад кард. Аз ҳунарнамоии тими мунтахаби Афғонистон, ки бо сарварии раиси Федеросиюни ҳандболи ин кишвар Муҳаммадюсуф Ниёзӣ меҳмони мо буд, бисёр хушнуд шудем. Эҳсос мешавад, ки ҳандбол дар ин кишвар рӯ ба инкишоф аст».

Ба гуфтаи Саид Маҳмудов, моҳи марти соли гузашта чунин мусобиқа бо ширкати тимҳои мунтахаби ҳандболи Афғонистону Тоҷикистон дар шаҳри Кобул баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG