Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Карзай ва Зардорӣ дар Кобул идома ёфт


Афғонистону Покистон музокироти худро дар бораи роҳҳои густариши ҳамкориҳо бар зидди терроризм ва ифротгароӣ дар имтидоди марзҳои муштарак идома доданд. Осифалӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон дируз барои боздиди расмӣ вориди Кобул-пойтахти Афғонистон шуд. Ин нахустин боздиди вай аз Афғонистон дар ин мақом аст. Дар гузаштаҳо Ҳомид Карзай борҳо Покистонро муттаҳам карда буд, ки барои мубориза бо Толибон ва Ал Қоъида тадобири кофӣ намеандешад. Вале вай баъд аз мулоқоти Кобул бо Зардорӣ гуфт:

"Мо байни ду ҳукумати худ, байни ду раиси ҷумҳур нисбат ба ҳар вақти дигар ҳусни тафоҳуми беҳтар дорем".

Оқои Зардорӣ низ дар посух гуфт, ки онҳо дар мубориза бо шуришиёну тундравҳо дар паҳлуи ҳам хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG