Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

32 шӯришӣ дар шарқи Афғонистон кушта шуд


Низомиёни Амрико дар Афғонистон мегуянд, ки нируҳои эътилофи зидди террор дар як даргирӣ дар вилояти Лағмон 32 шуришӣ, аз ҷумла як зани мусаллаҳро куштаанд. Дар хабар омадааст, ин даргирӣ дар ҷараёни амлиёте ба вуқуъ пайвастааст. Низомиёни Амрико мегуянд, сарбозон дар ҷараёни ин амалиёт амбори аслиҳаву муҳимотро дар ин минтақа дар биное кашф ва нобуд кардаанд. Дар ин бино ифротгароён низ паноҳ бурда буданд. Ҳидоят Қаландарзай-муъовини волии вилояти Лағмон гуфтааст, бино ба гузоришҳое, ки вай дар ихтиёр дорад, дар ин амалиёт чанд нафар аз аҳолии маҳаллӣ низ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG