Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони ҳамкории Тоҷикистону Саудӣ дар бахши нафту гоз


Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дар масъалаи истихроҷи нафту гоз бо Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ кунад. Дар ҷараёни боздиди серӯзаи ҳайати ҳукуматии ин кишвар аз Тоҷикистон ҷонибҳо дурнамои ин ҳамкориҳоро баррасӣ хоҳанд кард. Боздиди ҳайати Арабистони Саудӣ аз Тоҷикистон аз 11-ум то 14-уми январ давом мекунад. Дар ҷараёни музокироти ҳайатҳо ҷониби Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар бахши нафту гоз ба Арабистони Саудӣ чанд тарҳ пешниҳод мекунад. Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамчунин ҳамкориҳо дар бахшҳои дигари иқтисоду тиҷоратро баррасӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG