Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намоишгоҳ дар музеи Ҳемингуэй


Нависандаи машҳури амрикоӣ Эрнест Ҳемингуэй

Нависандаи машҳури амрикоӣ Эрнест Ҳемингуэй

Давлати Куба роҳро барои омӯзиши осори яке аз машҳуртарин адиби асри 20 нависандаи амрикоӣ Эрнест Ҳемингуэй бозтар кард.

5-уми январ музеи Эрнст Ҳемингуэй нахустин бастаи ҳуҷҷат, акс, дастхат ва 14 ҳазор китобҳои мутаалиқ ба ин адибро ба маърази тамошобинон гузошт. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо дар манзили нависанда, воқеъ дар шаҳри Сан Франсиско де Паула дар наздикии пойтахти Куба, нигаҳдорӣ мешуд.

Дар чаҳорчӯби барномаи фарҳангии муштараки Куба ва Амрико ин ҳуҷҷатҳоро ба шакли электронӣ гузаронданд ва акнун олимони ҷаҳон имкон доранд онҳоро мавриди омӯзиш қарор диҳанд. Раиси музей Ада Роза Алфонсо Розалес дар сӯҳбат бо хабаргузории “Рейтерс” изҳор дошт, ки бойгонии нависанда ба замони фаъолияти Ҳеменгуэй дар Куба равшани меандозад ва то ҳол ин бахши зиндагиномаи ӯ ба пажӯҳишгарон хуб маълум набуд.

Ҳемингуэй дар ҷазираи Куба дар осоишгоҳи Финка Вига аз соли 1939 то 1961 зиндагӣ карда, дар ин ҷо асарҳои машҳуртарини худро, назири “Пирамард ва баҳр”, “Ҷашне, ки ҳамеша бо туст” ва “Ҷазираҳо дар уқёнус”-ро эҷод намудааст. Соли 1953 барои ҳикояи “Пирамард ва Баҳр” ӯ ҷоиза “Пулитсер”-ро дарёфт кард.

Ба ақидаи пажӯҳишгарони зиндагиномаи Ҳемингуэй зери ниқоби як марди пурзур, якрав, варзишгар ва саёд шахсияти бисёр осебпазир, пурэҳсос ва мураккаби вай пинҳон буд. Ӯ дар аёлати Илинойси Амрико дар оилаи миёнаҳол ба дунё омада ва аммо аз айёми бачагиаш мустақилияти худро намоиш дода, ба донишгоҳ дохил нашуд ва ба рузноманигорӣ пардохт. Замони ҷанги аввали ҷаҳонӣ ӯро ба хотири чашмҳои заифаш ба аскарӣ нагирифтанд, аммо Ҳемингуэй 19 сола ба Салиби Сурх пайваст ва соли 1918 дар Итолиё маҷруҳ шуда буд.

Баъд аз зиндагӣ дар Аврупо Ҳемингуэй саранҷом Кубаро барои зист ихтиёр кард, зеро инҷоро бисёр дӯст медошт ва зиндагии мардуми ин ҷазираро дар асарҳояш мунъакис мекард. Соли 1961 Ҳемингуэй, ки аз афсурдагии руҳӣ азият мекашид, дар манзилаш дар айёлати Айдаҳои Амрико бо туфанги шикорӣ худро кушт.

XS
SM
MD
LG