Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо аз норасоии газ танқисӣ мекашад


Ҳудуди 15 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо эълом карданд, ки бар асари ҷанҷоли Русияву Укроин дар мавриди газ, интиқоли гази табии русӣ ба он кишварҳо камтар шудааст. Бештар аз ҳама кишварҳои соҳили Балкан аз гази табиӣ танқисӣ мекашидаанд. Ҳазорон нафар аз сокинони ду шаҳри шарқии Булғористон дар сармои сарди имрӯза комилан бегазу гармӣ мондаанд. Юнону Македония, Руминия, Хорватия, Сербистон, Босния ва Туркия мегӯянд, ҷараёни гази табиии Русия ба кишварҳои онҳо қатъ шудааст ва айни ҳол Фаронса, Олмон, Итолиё, Австрия, Лаҳистон, Маҷористон ва Словакия аз коҳиши интиқоли газ хабар доданд. Иттиҳодияи Аврупо коҳиши интиқоли газ ба қаламрави кишварҳои узвро “комилан ғайриқобилиқабул” хонда ва гуфт, ин рафтор мухолифи ваъдаҳои мақомоти олирутбаи Русияву Укроин аст, ки интиқоли собити гази табиӣ ба Иттиҳодияи Аврупоро ваъда додаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG