Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил барои Ғазза гузаргоҳе боз мекунад


Нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт эълом кард, ки кишвараш як “гузаргоҳи башарӣ” ба Навори Ғазза боз мекунад, то маводи зарурӣ ба мардуми мӯҳтоҷи фаластинӣ расонида шавад, ки аз норасоии маводи аввалия ранҷ мекашанд. Ва Шӯрои Амнияти Созмони Милал рӯзи сешанбе муноқишаи Исроилу Ҳамос ва авзоъ дар Навори Ғаззаро баррасӣ кард. Қудратҳои ҷаҳонӣ дар ин нишаст аз ҳарду тараф хостанд, то ба хушунат хотима дода ва созиши оташбаси фаврӣ эълон намоянд. Пештар аз ин Созмони Милал таъйид кард, ки бар асари ҳамлаи Исроил ба мактаби ин созмон, ки ғайринизомиёни фаластинӣ дар он паноҳ бурда буданд, дасти кам 30 нафар ҳалок шудааст. Мақомоти беҳдоштии фаластинӣ мегӯянд, дар ҷараёни 11 рӯзи юриши Исроил ба Навори Ғазза 660 фаластинӣ кушта шудаанд. Исроил мегӯяд, ҳадафи ин юриш хотима додан ба мушакандозиҳои созмони Ҳамос ба ҷануби Исроил аст.
XS
SM
MD
LG