Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии вазъи Ғазза дар Шӯрои Амният


Шӯрои Амнияти Созмони Милал рӯзи сешанбе муноқишаи Исроилу Ҳамос ва авзоъ дар Навори Ғаззаро баррасӣ кард. Қудратҳои ҷаҳонӣ дар ин нишаст аз ҳарду тараф хостанд, то ба хушунат хотима дода ва созиши оташбаси фаврӣ эълон намоянд. Ва имрӯз Исроил гуфт, барои интиқоли кӯмакҳои башарӣ як гузаргоҳеро ба Навори Ғазза боз мекунад, ки мардуми он аз камбуди ғизову доруворӣ ва дигар маводи аввалия ранҷ мекашанд. Пештар аз ин Созмони Милал таъйид кард, ки бар асари ҳамлаи Исроил ба мактаби ин созмон, ки ғайринизомиёни фаластинӣ дар он паноҳ бурда буданд, дасти кам 30 нафар ҳалок шудааст. Мақомоти беҳдоштии фаластинӣ мегӯянд, дар ҷараёни 11 рӯзи юриши Исроил ба Навори Ғазза 660 фаластинӣ кушта шудаанд. Исроил мегӯяд, ҳадафи ин юриш хотима додан ба мушакандозиҳои созмони Ҳамос ба ҷануби Исроил аст.
XS
SM
MD
LG