Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай аз ҳамкорӣ бо Покистон хушбин аст


Осиф Алӣ Зардорӣ - раиси ҷумҳури Покистон, зимни сафари расмӣ ба Афғонистон дирӯз бо раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай дар шаҳри Кобул мулоқот кард. Пас аз мулоқот Ҳомиди Карзай гуфт, байни ду кишвар “муносиботи нав” истиқрор шудааст ва афзуд, ки маънии ин “рафоқат”, “муборизаи қавӣ ба зидди терроризм” аст. Ҳукумати Ҳомиди Карзай пештар аз ин чандин дафъа ҳукумати Покистонро танқид карда буд, ки барои маҳви Толибону аъзои Ал-қоида, ки аз ҷангҷӯёни худро аз Покистон ба Афғонистон мефиристанд, чандон кӯшиш намекунад.
XS
SM
MD
LG