Пайвандҳои дастрасӣ

Дабири кулли СММ "ваҳшатзада" шудааст


Пан Ги Мун - дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, гуфт, аз ҳамлаи Исроил ба як мактаби он созмон дар Навори Ғазза «комилан ваҳшатзада” шудааст ва ин ҳамларо, ки сабаби ҳалокати даҳҳо нафар шуд, “комилан ғайриқобилиқабул” хонд. Пештар аз ин Созмони Милал таъйид кард, ки бар асари ҳамлаи Исроил ба мактаби ин созмон, ки ғайринизомиёни фаластинӣ дар он паноҳ бурда буданд, дасти кам 30 нафар ҳалок шудааст. Мақомоти беҳдоштии фаластинӣ мегӯянд, дар ҷараёни 11 рӯзи юриши Исроил ба Навори Ғазза 660 фаластинӣ кушта шудаанд. Исроил мегӯяд, ҳадафи ин юриш хотима додан ба мушакандозиҳои созмони Ҳамос ба ҷануби Исроил аст.
XS
SM
MD
LG