Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс барои машварат бо арабҳо ба Ню-Йорк меравад


Тибқи гузоришҳо, вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс имрӯз ба Ню-Йорк барои музокираҳо дар СММ ба хотири ба оташбас водор кардани Ҳамос ва Исроил сафар мекунад. Хабаргузориҳои ғарбӣ аз қавли мақоме дар вазорати хориҷаи Амрико иттило доданд, ки Райс ният дорад бо вазирони давлатҳои арабӣ, раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуди Аббос, вазири хориҷаи Туркия Алӣ Бобоҷон ва дигарон мулоқот кунад. Вай инчунин дар нишасти Шӯрои амнияти СММ ширкат карда ҷонибҳоро ба оташбаси билофосила даъват хоҳад кард. Лигаи кишварҳои Араб ИМА-ро дар масдудкунии қатъномаи Шӯро оид ба оташбас муттаҳам кардааст.
XS
SM
MD
LG