Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати таҳлилии мавсум ба «Овум» соли гузаштаи 2008-умро бо шарофати анвоъи гаронбаҳои телефонҳои ҳамроҳ, назири «Айфон», «Гуглфон» ва «Нокиа Эн 97», соли смартфонҳо номидааст.

Бо ин ҳол, интизор меравад, ки фурӯши телефонҳои ҳамроҳ дар соли 2009 ба иллати бӯҳрони молӣ беш аз 6 дарсад коҳиш биёбад. Чунин пасрафт дар таърихи кӯтоҳи бозори телефонҳои ҳамроҳ, ки дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта зуҳур карда, ҳаҷми гардишаш акнун ба 190 миллиард доллар расидааст, пасрафте бесобиқа унвон мешавад.

Тайи даҳсолаҳо, ситорашиносон фикр мекарданд, ки Роҳи Каҳкашон, ки сайёраи Замин низ ҷузъи он мебошад, назар ба низоми ҳамҷавораш дар коинот – Андромеда хурдтар аст. Аммо таҳқиқоти ахири Ҷамъияти нуҷумшиносии Амрико мегӯяд, масоҳати Роҳи Каҳкашон тақрибан баробари масоҳати Андромеда будааст. Хабари бади ин таҳқиқот ин аст, ки Роҳи Каҳкашон ба маҳзи бузургии масоҳат ва вазнаш метавонад дар ниҳоят ба Андромеда бархӯрда, як фалокати муҳлики кайҳониро ба бор орад. Аммо хабари хуби таҳқиқот ин аст, ки чунин бархӯрд шояд баъд аз миллиардҳо соли дигар иттифоқ биуфтад.

Конструктори рус Александр Бегак аз озмоишгоҳи ҳавопаймоии “Скарабей”, воқеъ дар шаҳри Пятигорски Русия, як навъи дар ҷаҳон беҳамтои ҳавопайморо ихтироъ кардааст, ки “Сталкер” ном дошта, бегалёт ё худ омехтаи мошину ҳавопаймост. “Сталкер” ҳамагӣ 140 кило вазн дошта, дар рӯи замин ҳамчунон мошин ва дар осмон ҳамчун ҳавопаймо парвоз мекунад.

Донишмандони Австралия дастгоҳе сохтаанд, ки шартан “чашми ҳамабин” ном дошта, қодир ҳаст, ҳама чизро чаҳор тарафи худ, яъне дар радиуси 360 дараҷа мушоҳида кунад. Олимон дер боз талош мекарданд, чунин “чашми ҳамабин” ихтироъ кунанд, вале дастгоҳҳои то ҳол сохташуда тавони назорати саддарсади атрофро надошт. Ин дастгоҳро метавон барои идораи васоили нақлия ва дар дастгоҳҳои ҳифозатӣ низ истифода бурд.

Донишмандони палеонтологи Чин дар вилояти Шандуни он кишвар як қабристони бузурги динозаврҳоро кашф кардаанд. То имрӯз дар атрофи шаҳри Чжечун устухони 7600 динозавр пайдо шудааст, ки ба гуфтаи донишмандон, дақиқан аз даврони мириши динозаврҳо барҷой мондааст. Мақомоти маҳаллӣ аз ҳоло қасд доранд, ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар маҳалли кашфи устухони динозаврҳо як парки бузург бунёд кунанд.

XS
SM
MD
LG